Sebiston new 2024 october
UNFPA-нақшаи худро барои солҳои 2023-2026 эълон кард
661


Имрӯз дар толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бахшида ба анҷоми чорумин давраи Барномаи кишварии хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2022 ва муаррифии Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2023-2026 мизи мудаввар баргузор гашт.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, аз ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла бо СММ ва UNFPA дар сатмҳои мухталиф, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, пешгирии ҳолатҳои марги модару кӯдак, мубориза бо хушунату зӯроварии хонаводагӣ, баробарии гендерӣ ва таъмини шароиту имкониятҳои баробари рушд барои занону мардон сухан кард.

Дар чорабинӣ роҳбарони вазорати идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ карда аз фаъолияти пурсамари UNFPA дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аз ҷумла, Дилрабо Мансуриён, ноиби спикери парлумони Тоҷикистон нд зимни суханронии худ гуфт:
“Масъалаи ҳифзи сиҳатии мардум ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва президенти мамлакат зимни баромадҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки солимии миллат боигарии давлат аст.

Аз ин лиҳоз барномаҳое, ки UNFPA дар самти тандурустӣ-ҳифзи сиҳатии ҷомеа, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри коҳиш додани ҳодисаҳои марги модару кӯдак, солимии репродуктивию танзими оила, ҳамчунин мубориза бо хушунату зӯроварии хонаводагӣ, фаро гирифтани духтарон ба таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари рушд барои занону мардон амалӣ менамояд, хеле саривақтӣ ва муҳим буда, ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат менамоянд..”

Хонум Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дастовардҳои дар Торҷикистон ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда гуфт:
“Дар Тоҷикистон бисёр таҳлилҳои хуб гузаронида мешаванд. Албатта ин барои беҳтар гардонидани фаъолияти мо хеле муҳим аст, зеро ба арқом такя карда, муайян мекунем, ки боз дар кадом самтҳо бояд кор кунем. Барои ман бисёр хурсандиовар аст, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон дар коҳиш додани ҳодисаҳои марги модару кӯдак ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Ин дастовари хеле бузург аст. Қабули қонун дар бораи муқовимат ба зӯроварии гендериро низ ман як қадами хеле муҳим мешуморам. Мо бо парлумони Тоҷикистон ҳамкории зич дорем ва ман хурсандам, ки дар и н кишвар қонунҳо бо дарназардошти манфиатҳои тамоми қиршҳои аҳолӣ қабул карда мешаванд. Мо натанҳо бо ташкилотҳои давлатӣ, балки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳамкории хуб дорем ва ин нишонаи боварии дуҷониба мебошад. UNFPA дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба бисёр натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст.”
Дар чорабинӣ ҳамчунин ҷаноби Ю. Ю, Дабири кишварии Хазинаи нуфуси СММ, Раиси Агентии омор Гулнора Кенҷа, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Абдуллоза, ҷонишини вазири маориф ва илми кишвар Шукрулло Хайрзода суханронӣ намуданд, сипас Роҳбари идораи UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова ҳозиринро бо барномаҳои UNFPA барои давраи солҳои 2023-2026 шинос карда дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилоти бонуфуз дар Тоҷикистон дар 4 соли баъдӣ муфассал суханронӣ намуд.
Дар охир чанд нафар рӯзноманигорон, ки дар озмуни UNFPA ғолиб омада буданд, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ крада шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД