sebiston july new
Ҳунарманди рус дар давраи пандемия ба таҳвили ғизо машғул аст
1043

 

Павел Устинов, ҳунарманди 24-солаи театр ва синамои рус дар давраи бекории касбӣ ҳангоми пандемияи “коронавирус” аз сахтии рӯзгор шикоят намекунад ва мунтазири кӯмаки касе ҳам нест.

Хабаргузории “Рамблер” иттилоъ медиҳад, ки ҳунарманди ҷавон рӯйхати ҷойҳои кории холиро аз назар гузаронида, барои худ кори муваққатие пайдо кардааст. Ӯ ба ҳайси таҳвилдиҳандаи ғизо ба кор даромада, гоҳе бо дучарха ва гоҳи дигар бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба муштариён хӯрок таҳвил медиҳад. Ин кори муваққатӣ аз ҳунарманд ҳеҷ собиқаеро талаб намекунад ва ӯ заррае пушаймон нест, ки ба ин кор машғул аст. Устинов аз ин кораш музди ночиз ба даст меорад, вале барои рӯзгузаронӣ кифоя аст.

“Як ҳафта пеш аз паҳншавии “коронавирус” дар чанд кастинг иштирок карда будам. Сабти филмҳо бояд шурӯъ мешуданд, ки ин вазъият ба амал омад. Ҳоло театрҳо пӯшидаву сабти филмҳо ба вақти дигар ба таъхир гузошта шудааст. Фурсат, ки дорам, бояд бештар мутолиаву тамрин кунам ва худро рӯҳану ҷисман ба даст бигирам”,-мегӯяд, ҳунарманди ҷавон. Ӯ боварӣ дорад, рӯзе ҳама ба зиндагии муқаррарии худ бармегарданд. Моҳи сентябри соли гузашта ҳунармандро бо иттиҳоми “лат додани китфи намояндаи омон” ба 3,5 соли зиндон маҳкум карда буданд, вале баъдан дар Интернет наворе паҳн шуд, ки бегуноҳии ӯро исбот кард. Суди шаҳри Маскав ҳукмро ба як соли ҳабси шартӣ иваз карда буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД