Перл В.Пурӣ, ҳунарманд, раққос, овозхон ва модели 31-солаи ҳинд, барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба додгоҳ кашида шудааст.
Полиси Мумбай ҳунармандро санаи 4-уми июн дар асоси қисми 376-и Қонун дар бораи ҳимояи кӯдакон аз ҷиноятҳои ҷинсӣ (POCSO) дастгир ва барои 14 рӯз равонаи зиндон кардааст.
Боздошти ҳунарманд миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Бисёриҳо ӯро муҳофизат карда, боварӣ надоранд, ки Перл ба ин амали нангин даст зада бошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти овозии модари духтари ноболиғ пайдо шудааст. Ӯ ин ҳамаро туҳмат хонда, гуфтааст, ки нисбати ҳунарманд ягон даъво надорад. Ба гуфтаи модари духтари ноболиғ, шавҳараш, ки аз ӯ 12 сол пеш ҷудо шуда буд, барои ба даст овардани духтараш ин роҳи ғаразнокро пеш гирифтааст. Агар гуфтаҳои модари духтари ноболиғ тасдиқ шаванд, ҳунарманд ба зудӣ ба озодӣ мебарояд. Феълан тафтишот дар ин самт идома дорад ва иттилои бештаре дар даст надорем.