25 сол аст, ки бо шавҳарам зиндагӣ мекунам ва ягон бор аз хати кашидааш берун набаромадаам. Дар 25 сол ҳатто як шабро дар хонаи модарам рӯз накардаам.
Дар як моҳ як маротиба волидонамро хабаргирӣ меравам ва ҳамагӣ 2-3 соат нишаста меоям. Аз рӯзи аввали арӯсиям ягон маротиба “ман ин корро наметавонам” гуфта, эркагӣ накардаам, мӯямро ҷорӯбу дастамро оташков карда, мудом дар хизмати шавҳар ва хусуру хушдоманам ҳастам, вале соҳиби 5 набера гашта бошем ҳам, то имрӯз ягон бор аз даҳони ҳамсарам як ҳарфи хушро нашунидаам. Оилаҳоеро мебинам, ки зану шавҳар озодона ба ҳам суҳбат мекунанд, ҳазлу шӯхӣ карда механданд, вале шавҳари ман табассум карданатро бинад, қошу қавоқ андохта мегӯяд, ки мисли беваҳои кӯчагӣ лабатро инҷ карда наханд, зан бояд ҷиддӣ бошад. Азбаски то ба шавҳар баромадан ягон бор ба рӯйи ягон ҷавон нигоҳ накарда будам, шавҳарамро сахт дӯст доштам ва то имрӯз дӯст медорам, вале рафтори ноҷои ин марди ҳоҷӣ маро ҷигархун месозад. Як рӯз дар таги ҷевон шабпӯши зебои занонаро пайдо намудам. Хурсанд шудам, ки шавҳарам барои ман чунин либоси зебо харидааст. Хостам ба бар кунам, вале фикр кардам, ки шояд шавҳарам сюрприз кардан мехоҳад ва интизор шудам, ки онро худаш ба ман туҳфа намояд, вале чанд рӯз пас шабпӯшак худ ба худ ғайб зад. Маҳз ҳамин чиз маро ба шубҳа овард ва дар умрам бори аввал телефони шавҳарамро тафтиш кардам.
Дар телефони ҳоҷӣ аксҳои чанд зани бегонаро дида табъам хира шуд. Шавҳари зоҳиран худотарси ман шарм надошта, ба маъшуқаҳояш чунон суханони маҳрамонае навиштааст, ки ҷавони 25- сола ба арӯсаш чунин гапҳоро наменависад. Суратҳоро ба телефони худам гузарондам ва бо баҳонаи ба хонаи модарам рафтан аз хона баромада, чоп кардаму бегоҳ, баъди хобидани фарзандонамон ба шавҳарам нишон додам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, ҳоҷӣ ба ҷойи бахшиш пурсидан маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона зад, ки сару рӯям сиёҳу кабуд шуд. Аламовараш он аст, ки шавҳари ман хонаи Худоро зиёрат карда, ба нангу номуси дигарон хиёнат мекунад. Яке аз маъшуқаҳояш зани шавҳардор аст.
Кофта-кофта суроғаашро ёфтам ва ба назди ин зани беандеша рафта, хоҳиш кардам, ки зиндагии маро вайрон накунад, зеро умрамон ба ҷое расидааст ва агар дар ин синну сол ҷудо шавем, дӯсту душман ба ҳоламон механданд. Ҳоҷӣ барои ин корам боз маро лагадкӯб кард.
Хуллас, аз дасти ин марди занбоз ҷигархунам. Аламам меояд, ки шавҳарам гапҳои дар бадали 25 соли ҳамзистӣ ягон бор ба ман, бамодари фарзандонаш нагуфтаашро ба ким-кадом занҳои кӯчагӣ гуфта, садқаю бандаашон мешавад. Наход ман баробари ҳамон занҳои кӯчагӣ дар назди падари фарзандонам қадру қимат надошта бошам?!
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, шавҳарамро, ки марди намозхон аст ва мудом аз гӯру қиёмат гап мезанад, чӣ тавр аз роҳи хиёнат ва хатову зино баргардонам?
Қурбонгул, ш.Душанбе