Сарояндаи машҳури эронӣ Умеди Ҷаҳон, ки дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёде дорад, дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт.
Тибқи хабарҳои нашршуда, ин овозхони шуҳратёр пас аз як консерт дар шаҳри Бами Эрон дучори сактаи қалбӣ шудааст.
“Умеди Ҷаҳон пас аз иштирок дар ҷашни “Хурмои Бам”, замоне, ки мехост ба мошин нишинад, дучори исти қалб шуда, рӯзи шанбе, 13-уми сентябр даргузашт",- хабар додааст мудири кулли фарҳанг ва иршоди шаҳри Кирмони Эрон.
Умеди Ҷаҳон соли 1982 дар шаҳри Ободони Эрон таваллуд шуда, падараш Маҳмуди Ҷаҳон низ сарояндаи шинохтаи Эрон буд. Суруду оҳангҳои Умеди Ҷаҳон дар аксари кишварҳои Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мухлису ҳаводорони зиёде доранд.