Arzon march 2024
Умед Раҳматуллоев барои зӯроварӣ нисбати зан ҳабс шуд
14.06.2024
ОИЛА.ТҶ
581

Дирӯз блогери машҳури тоҷик Рухшона Раҳматуллоева бо лақаби Soffi дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шавҳараш шикоят намуда, гуфта буд, ки падари фарзандонаш ӯро ҳамеша азобу шиканҷа медиҳад. Рушхона аз ҷабри шавҳар аз хона фарор кардааст.

Ин блогерзан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак хоста, гуфта буд, ки шавҳараш қасам хӯрдааст, ки агар ҷойи Рухшонаро ёбад, ӯро зинда намемонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дарҳол ба ин муроҷиат вокуниш нишон дода, шавҳари Soffi-ро пайдо ва боздошт намудаанд.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, муроҷиати электронии шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят намуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур, шавҳари номбурда, шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ дастгир карда шуд.

Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст.

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллоев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД