Духтари шоҳи париён
Раиси Расо хостгорони аз тарафи дӯсташ омадаро бо хушнудӣ қабул карду худи ҳамон шаб Озодаро бо Раҷабалӣ фотеҳа карданд. Ба хостгорон ҷомаҳои қимматбаҳо пӯшониданд, раис ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй дода, Озодаи нозанинро ба водӣ гусел кард.
Атрофиён ва хешу ақрабо бо дидани чеҳраи чун моҳ зебои арӯс даст дар гиребон монданд, чанд рӯзи дигар занон лаби чашмаю сари пода танҳо дар бораи зебогии арӯс сухан мегуфтанд, ба арӯс духтари шоҳи париён лақаб дода буданд. Танҳо кампири Сангимоҳ, модари Раҷабалӣ арӯси зеборо дӯст надошт ва зери лаб мегуфт:
-Хок кашад зулфои ҷингилата, аз пушти ту аз писарам ҷудо мешавам. Ин ошиқ рӯзе пушаймон мешавад, вале он рӯз ман нестам, ки саломаш диҳам. О ту сағираи бесоҳиб набошӣ, ки дар дари хусур хонадомод шавӣ!
Пас аз як моҳи тӯй Раҷабалӣ ва занаш роҳ сӯи кӯҳистон пеш гирифтанд ва дар хонаи навашон, ки пур аз ҷиҳози рӯзгор буд, зиндагӣ оғоз карданд. Бо кумаки хусураш Раҷабалӣ курси шашмоҳаи дӯкондориро хатм карду дар ҳамсоядеҳ магазинчӣ шуд. Дар зиндагӣ азобе надоштанд, Озода рӯзи дароз дар хонаи падар буду танҳо бо фарорасии шом ва аз кор баргаштани ҳамсараш ба хонааш мерафт.
Раҷабалӣ садқаю балогардони ҳамсари паризодаш буду ӯро болотар аз ҳама дӯст медошт, падару бародаронаш молашонро ба кӯҳистон оварда, бо додарашон дидор медиданд. Ҳар сол танҳо як бор барои дидани модари пираш ба водӣ мерафту халос. Ҳарчанд Озодаи зебосанам бо сарвати падару зебогияш нафахрад ҳам, кампири Сангимоҳ ӯро дӯст намедошту ба хонааш намеомад. Дастовезу тӯҳфаҳои қиматбаҳои келин ҳам дилашро гарм намекарданд.
Васияти домоди ҳасратӣ
Раҷабалӣ ҷавонмарди меҳнатии хушфеъл бошад ҳам, мардуми кӯҳистон ба ӯ назари нек надоштанд, масхарааш мекарданд, дар маъракаҳо дар бораи хонадомодҳо латифаҳои намакин гуфта, ба ӯ ишора карда механдиданд, вале мард ба хотири ишқи ҳамсараш ба ҳамаи ин тоқат мекард. Як чизи дигар, ки ӯро сахт нороҳат мекард, насаби ӯро бо номи занаш гирифтани мардум буд…
Дар деҳа ғайри ӯ ду Раҷабалии дигар буд, якеро Раҷабалии Қандулло, дуввумиро Раҷабалии Мирзоаҳад, вале ӯро Раҷаби Озода мегуфтанд. Ин ба ҷавонмард алам мекард, вале боз худро тасалло медод, ки мардум аз бахилӣ ба ӯ ин бадиҳоро мекунанд. Зеро вай як бегона дар диёри онҳо соҳиби хонаю дар, зани зебо, фарзандони нозанин ва мавқеъ шудааст. Оҳиста-оҳиста умр мегузашту Раҷабалӣ ва Озода соҳиби ҳашт духтару ду писари нозанин гаштанд.
Духтарони зебою оқилаашро ҳаққу ҳамсоя келин карда, ду писарашро, ки соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кори хуб буданд бо духтарҳои хубе хонадор намуд. Акнун бояд давлати пирӣ меронд, мӯйсафеди Раҷабалӣ, вале бемор шуд. Мӯйсафеди Раҷабалӣ бемор буду пеши назараш симои волидону бародарони аз дунё кайҳо гузаштаашро меовард, ҳарчанд ҷиянҳояш ба хабаргирияш биёянд ҳам, хумораш намешикаст. Ӯ боре фарзандонашро наздаш шинонида гуфт:
- Азизонам, чун ман аз дунё мегузарам, мурдаамро ба водӣ бареду дар бари бародаронам гӯрам кунед. Намехоҳам ҷасадам дар ин ҷо монад… Писари калонияш аз ин васияти падар каме оташин шуда гуфт:
-Падарҷон, шумо аз ин ҷо чӣ бадӣ дидед, соҳиби ҳама чиз шудед, мо фарзандонатон дар ин ҷо ба дунё омадем, шуморо хор шудан намондем, ҳамеша ба фармонатон даст пеши бар тайёрем. Баъд чӣ хел мурдаи шуморо аз ин ҷо мебарем? Мӯйсафеди Раҷабалӣ дигар чизе нагуфт, вале то дами марг ҳамин, ки ҳамсарашро танҳо ёбад, зорӣ мекард:
-Занак, ман ба хотири ту ҳама мазоқу масхара ва тамасхури мардумро қабул доштам, илтимос мурдаамро бари бародаронам бар!
Кампири Озода бо мулоиматӣ ӯро ором мекард, ки мӯйсафед, охир ин хел нагӯй, бачаҳоят хафа мешаванд. Худованд умри дарозат диҳад, вале чун аз дунё гузаштем, ҳама хоки Худост.
Мӯйсафеди Раҷабалӣ ҳасратӣ аз дунё гузашт, писаронаш васияти ӯро иҷро накарданд, мӯйсафедро дар бари хусураш раиси Расо гӯронданд…