Ману шавҳарам дар корхонаҳои гуногун кор мекунем ва ҳарду субҳ баробар аз хона баромада, бегоҳ баробар аз дар медароем.
Маоши ҳардуямон қариб як хел аст, фарқият дар он аст, ки пули ман сарфи картошкаю пиёз, гӯшту равған, қанду қандалот ва дигар лавозимоти рӯзгор мешаваду пули шавҳарам сарфи айшу нӯш бо дӯстонаш.
Мардакам бар замми пулашро сарфи ҷӯрабозӣ намудан бисёр танбал аст, ҳатто бо пули тайёр ба бозор рафта, хӯрока харидан намехоҳад. Аз кор хаставу лакот ба хона омада ба бозор меравам ва осемасар маҳсулоти хӯрокворӣ харида, хар барин халтаҳои пурборро бардошта ба хона меояму нафасамро рост накарда, аз паси рӯфтану шустану пухтан мешавам, шавҳарам бошад, мисли шоҳзода нону оши тайёрро хӯрда, боз ба ҳама корам эрод мегирад.
Хӯрдагирии ин мардак ба дилам задааст, охир як бор андеша намекунад, ки ман ҳам одам ҳастам ва аз субҳ то шом ҷумбуҷӯл карда хаста мешавам. Фарзандонам сол то сол калонтар шуда, талаботашон торафт меафзояд. Барои онҳоро ҳаматарафа таъмин намудан корҳои иловагиро низ бар дӯши худ гирифта, баъди анҷоми корҳои хона боз ба сари компютер мешинам, то чор сум пул ёбам. Ин мардак дар давоми 23 соли зиндагии якҷояамон барои осудагии ману фарзандонамон коре накардааст. Дилам аз дарду ғамҳои ин марди ҷанҷолӣ кулбори зардоб гашта бошад ҳам, ҳаволаашро ба Худо супорида, боре аз гиребонаш гирифта, чизе талаб накардаам, чунки хислати моҷароҷӯӣ надорам. Ҳама умедам ба фарзандонам аст, ки дар оянда дастгиру мададгорам мешаванд, вале аз чунин падар фарзанди нек мебаромада бошад?
Н.