Arzon march 2024
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 5)
02.10.2021
ДИЛОШӮБ
2661

                                Шаби аввал

Холаи Сайлонбӣ ба нею нестони Капири Марям нигоҳ накарда, курпаю болишти пари қу барои домоду духтараш фиристонид. Аммо дигар ҷиҳози омода намудаи волидонаш дар хонаи худашон монд. Хонаҳоямро созам баъд онҳоро мебарам, бо модараш маслиҳат карда буд Гулбоғ…

Шаби васл рӯйи бистари сафеду оҳарӣ, Нозир тамоми розу ниёзашро ба Гулбоғ изҳор дошт. Ӯ рӯйи мӯйи Гулбоғро бӯсидаю бӯйида мегуфт:-Азизам, ман туро хушбахтарин зани дунё мекунам.Чизе бихоҳӣ бароят муҳайё мекунам, ту фақат барои ман фарзандони зиёд таваллуд намо то ман армон шиканаму дар симои онҳо соҳиби хоҳару бародар шавам…Гулбоғ бори аввал маззаи оғӯзи мар ва бӯсаҳои шакаринро мечашид ва сармасту махмур ба Нозир ваъда медод, аммо ҳамон лаҳзаҳо ҳам анкабути макраш тор метаниду гапҳои Оля ба хотираш мезаданд. Агар хоҳӣ, ки барои шавҳарат азиз монӣ, кӯдаки бисёр таваллуд накун. Дутоякаш бас… Худатро нигоҳубин намо, аз атру упои беҳтарин харидорӣ намо, барои мардон зани ба худаш аҳмият медода писанд аст. Агар кӯдакон бисёр шаванд, пайи тарбияти онҳо худат аз ёдҳо фаромӯш мешавӣ ва шавҳарат думболи зани хушрӯяку хушбӯяк ва таннозакеро мегирад ва ту мемонӣ…. Нозир борони навозишро дар сари арӯсаш мерехту Гулбоғ бошад мегуфт, не, паҳлавон, ман дар зери либосҳои чиркини кӯдакони ту худамро гӯр карданӣ нестам, ду тоякаш бас! Ман барои худам зиндагӣ хоҳам кард, барои худам! Ба он аблаҳҳое, ки маро «Сигани дойразан» меномиданд, нишон медиҳам, ки ман кӣ ҳастам! Онҳо ангуштонашонро газида мехӯранд, ки Гули боғи дилҳоро аз даст додаанд! Шаби васли домоду арӯс, хеле хубу гуворо гузашт….

                          Арӯсаки таърифӣ

Гулбоғ субҳи барвақт хеста ҳавлию ҳарамро об зада руфту ҳамроҳи духтари Исҳоқ, ки дар синфи даҳум мехонд, наҳорӣ тайёр намуд. То Исҳоқу ду писари хурдсол ва занашу капири Марям аз хоб хеста намозашонро хонданд, ки алаккай хони пурнозу неъмат тайёр буд. Дар чил рӯзи дар деҳа буданаш Гулбоғ ба боварии кампири Марям даромад, аммо чашмони бозингари арӯс як гӯшаяки дили кампирро хавотир нигоҳ медоштанд. Ана дидӣ, амма арӯси хушкардаамон чӣ гуна духтари ҳунарманду хизматгор аст, баъди як ҳафтаи тӯй аз кампир пурсид келинаш Гулсунбӣ, аммо кампир ба чашмони келинаш маънидор нигариста гуфт:-Намедонам, чаро аммо як гӯшаяки дилам хавотир аст. Чашмонаш ким чихел, бозингару… Аммаҷон, ҷавонони ҳозира ҳамин хел, ман ҳамин қадар нигоҳ кардам бозии чашмони ӯро нафаҳмидам, посух дод Гулсунбӣ. Аммо кампири якрав дар ақидааш устувор буд ва таъкид намуд:- Ман чанд курта аз ту пештар дарондааму хуб медонам, ки чашм оинаи диласт…. Хайр Худо ҳамин сағираи берӯзиро бахт диҳад…. Пас аз ду ҳафта холаи Сайлонбӣ ва духтаронаш бо тақу туқи зиёд ба хабаргирии Гулбоғ омаданду, таърифи бисёреро ба унвони ӯ шунида аз хурсандӣ ба курта намеғунҷиданд. Модари зор шукрона мекард, ки Худованд ба духтаракаш ақлу заковат ва ба қавли маъмул тавфиқ додааст.

                               Азми сафар

Нозир низ дар навбати худ ба хушдоманаш раҳмат гуфту изҳор дошт, ки баъди ду ҳафтаи билет гирифта ҳамроҳи арӯсаш ба Маскав мераванд. Холаи Сайлонбӣ гуфт, ки бачаҷон намешавад, ки аввал худат рафта кору боратро тинҷ карда баъд омада занатро барӣ?! Гулбоғ аз ин сухани модараш норозӣ ба ӯ нигоҳи сахте афканд, вале Нозир ӯро хурсанд карда гуфт:- Ман он ҷо ҷову по дорам… Хуҷаинам, ки дасти маро дар тиҷорат рост кардааст, хонаи холияшро барои зиндагӣ бахшидаасту мегӯяд оилаатро гирифта биё… Иван Иванович маро чун писараш медонад, охир ман дасти рости ӯ ҳастам ва ҳама мағозаҳояшро бо бор таъмин мекунам, ӯ ба ман чун ба худаш бовар дорад. Хайр ин тавр бошад майлаш, аз нигоҳи сахти духтараш тарсида гуфт, кампири Сайлонбӣ….

Пеш аз сафар Нозир ба хусураш гуфт, ки амак ман аз маскав лоиҳаи хона ва пул мефиристам шумо сохтумонро сар кардан гиред… амаки Миралӣ майлашг гӯён ба духтару домодаш роҳи сафед талабид, Нозиру Гулбоғ бо дуои Кампири Маряму пайвандонаш ва волидайнрахти сафар бастанд….

                        Ошиқи шайдо

Нозир аз дилу ҷон ошиқи ҳамсари нозанину мавзунқоматаш гашта буд ва мехост тамоми орзуҳои ӯро бароварда кунад Аз ин рӯ дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузи пойтахт ҷо гирифта ба Гулбоғ гуфт, ки мехоҳам ба ту аввал зебогиҳои пойтахти кишварамонро нишон диҳам. Каме ғами беғам занему баъд ба Маскав равем, зеро дар Маскав ман фақат думболи кор мегардаму ту дар хона зиқ шуда маро интизор мешавӣ… Гулбоғ бо ноз сарашро хам кард, вале дар дилаш гуфт:- ҳоло аввал маро ба Маскав бар, баъд мебинем, ки кӣ барои кӣ зиқ мешавад? кӣ гуфт, ки ман дар хона нишаста туро интизор мешудаам? Ман ҳам ба кор мебароям, Худо хоҳад аз он су малика шуда бармегардаму ин қишлоқиҳои фисинро дар оташи рашку ғазбам месузонам… Дили Гулбоғ ҳоло ҳам пури кина буд, ҳол он ки онҳое, ки ӯ душманашон мешумурд, ҳатто дар бораи вай фикр ҳам намекарданд. Дар меҳмонхонаи барҳаво рӯйи рахти хоби қимматбаҳо Гулбоғ худро шоҳдухтар мепиндошт, Нозир субҳ, баъди субҳонаи хушмазза ҳамсарашро гирифта ба тамошои шаҳр баромад. Онҳо то бегоҳ, тамоми пойтахтро давр зада дар тарабхонаҳои зебо хӯроки пешин ва шом хӯрданд. Гулбоғ ноз мекарду Нозир ноз мебардошт…. Як ҳафтаи дароз ӯ арӯсашро ба Қалъаи Ҳисору, обамбори Норак ва Варзобу Ромит тамошо бурду, рӯзи охирин ба чанд мағоза сар халонда либосҳои гарми аврупоӣ гирифтанд, Гулбоғ ба кошонаи ҳусни замонавие рафта худро аз дигар орою торо доду баъд бо ватан хайрбод гӯён ба Маскав парвоз карданд. Нозир ба чеҳраи Гулбоғ нигариста дар дил мегуфт, ки тамоми кушишу ғайратро мекунад, ки оилааш аз чизе муҳтоҷӣ накашад. Аммо Гулбоғ фикрҳои дигар дошт….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД