arzon replenishment
ҒУЛОМИ НАФС (ҚИСМИ 2)
29.09.2021
ДИЛОШӮБ
3378

                             Хандаи бахт

Холаи Сайлон аслан ягон гапи аз шавҳараш пинҳонӣ надошт ва баъди бозгашт ба хона шавҳару духтарашро наздаш хонда, ҳама гапи кампирро нақл намуд. Гулбоғ бо шунидани номи Русия болу пар афрохту қариб мегуфт, ки ман розӣ, аммо каме шармаш монда буд, ки хомӯш ба падараш нигоҳ кард. Ба амаки Миралӣ сағираи бесоҳиб будани домодшаванда писанд омад, аммо ҳеҷ намехост, ки сиёҳаки якдонаашро ба Русия фиристад. Билохира, баъди андешаи зиёд “ман розӣ, бигузор духтаракам хушбахт шавад” гуфта, даст ба рӯй кашид. Холаи Сайлонбӣ зуд ба хоҳараш занг зад ва гуфт, ки ризоияти аҳли хонадонро ба кампираки мушкилкушо фаҳмонанд. Кампири Марям холаи Сайлонбиро дида, духтарашро хуш карда буд, гумон дошт, ки Гулбоғ низ мисли модараш қоматбаланду шармгину зебост, аммо ҳангоми хостгорӣ дар рӯ ба рӯяш духтараки сиёҳҷурдаеро бо чашмони бозингар дида, дилаш таҳ кашиду гуфт, ки Нозиру Гулбоғ бояд якдигарро бинанд… Чанд рӯз баъд, писари кампир ҳамроҳи домодшаванда, ки як ҷавони қоматбаланди сиёҳабрӯи ниҳоят зебо буд, ба меҳмонӣ омад. Дили Гулбоғ, ки аз роғи пардаи турии арзонбаҳояшон ӯро дида буд, пар-пар мезад. Холаи Сайлонбӣ ҳамроҳи Нозир ба хонаи дигар, ба назди Гулбоғ даромаданду амаки Миралӣ бошад, ҳамроҳи писари кампир дар меҳмонхона чойнӯшон сӯҳбат карданд. Нозир аслан духтаракони сабзинаро дӯст медошт, аз ин хотир, ба Гулбоғ гуфт, шумо духтари зебо, аз чизе камбудӣ надоред, вале либосҳоятон ниҳоят ҷилодору ангуштаринҳоятон ҳам аз ҳад зиёд, ба ман ин хелаш маъқул не. Холаи Сайлонбӣ тарсид, ки ҳамин ҳоло духтараш дағалие мекунаду домодшавандаи нозанинро мегурезонад, аммо Гулбоғ содда набуд… Ӯ бо сари хам гуфт, ки баъд аз тӯй шумо чизе, ки гӯед, ҳамон мешавад. Холаи Сайлонбӣ моҳирона нақш бозидани духтарашро дида, оҳистакак ба берун баромаду ҷавононро танҳо гузошт…

                              Суперкелинчак

Нозир танҳо монданашонро дида, ба Гулбоғ гуфт:

-Дар деҳаҳо аслан духтарон хеле зуд ба шавҳар мебароянд, чаро шумо дер шавҳар кардед? Ман мехоҳам дар бораи шумо зиёдтар донам…

-Ростӣ, талабгорон буданд, вале ба дилам маъқул намеомаданд. Он гуна ҷавоне, ки ман мехостам, ба ман хостгор намешуд, зеро ман он қадар духтари зебо нестам, баъд падарам хонадомод мехостанд. Он кас писар надоранд,- гуфт бо овози гиряолуд Гулбоғ, аммо дар дил Нозирро ҳақорат дод, намурдӣ ту сағираи бесоҳиби кафангадо, агар он қадар серхаридор бошӣ, чаро ба мани пирдухтар майл намудӣ?! Аммо ғайричашмдошти духтар Нозир гуфт:

-Бону, ман дар хурдӣ модар, дар ҷавонӣ падару хонаву дар гум кардаам, аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки барои шумо шавҳари арзанда ва барои падаратон писар шавам. Аслан ба ман духтарони сабзина маъқуланд, шумо дар ҳусну ҷамол нуқсе надоред, ман танҳо ба шумо роҳу равиши ороиш ва либоспӯширо нишон медиҳам. Ана мебинед, ки садҳо нафар ҳаваси шуморо мехӯранд…

-Ман намехоҳам, ки садҳо нафар ҳаваси маро хӯранд, мехоҳам ба шумо писанд оям. Моро модарам ҳамин гуна тарбия кардааст, ки «шавҳар қиблаи зан аст». Модари ман як зани биҳиштӣ аст, чун дид, ки аз вай писар намешавад, қариб буд, падарамро зан диҳад, аммо падарам “Ман як тора мӯйи духтаронамро ба сад зани ҷавону писар иваз намекунам”, гуфта, зан нагирифт… Ҳамааш хуб мешавад, аз пешонии Гулбоғ бӯсида, гуфт Нозир.

                                    

                                               Марзи номус

Нозир бо табъи болида ба берун баромаду сари як пиёла чой ба ҳама фаҳмонд, ки арӯс писандаш омадаасту Худо хоҳад, ҳафтаи дигар сару по оварда, арӯсашро тӯй карда мебарад. Амаки Миралӣ аз ин сухани ҷавон дар ҳайрат шуда гуфт:

-Бачам, мо ба кампири Марям маслиҳат кардем, ки туро ба писарӣ мехонему хонадомод мекунем. Ту бошӣ…

-Амак, ман сағира ҳам бошам, нангу номус дорам, агар омада, дар хонаи шумо зиндагӣ карда гардам, байни мардуми деҳаи шумо беқадр мегардам. Аз ин рӯ, баъди тӯй хонаеро аз маркази вилоят иҷора гирифта, арӯсро мебарам, баъд дар наздикии хонаатон порчаи заминеро харидорӣ намуда, ҳамроҳи Гулбоғ ба Русия меравем, аз он ҷо кор карда, пулашро мефиристаму шумо барои мо хона бунёд мекунед, баъд он тарафашро мебинем. Аммо ман аз ҳамин рӯз дар назди ана ҳамин бародар, ки барои ман ҳаққи падарӣ ҳам доранд, шуморо падару холаамро модар мехонам.

Писари кампири Марям, Исҳоқ ба кифти Нозир тап-тап зада гуфт:

-Нозирҷон, падари ту барои мо на ҳамсоя, балки хешу табор барин буд. Як пора нонашро бе мо намехӯрд, модари раҳматият як коса обро гарм кунад онро албатта бо модари ман якҷоя медиданд, ба ҳамин хотир ман туро ҷону ҷигар медонам. Арӯсатро ба хонаи мо мебарӣ, баъди баромадани чиллаат бо дуои мо бо Руссия меравӣ он тарафаш Худо подшоҳ… Ҳама аҳли нишаст ба ақлу заковати ин ҷавони меҳнатӣ тан дода ба ӯ барори кор талабиданд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД