Formula novemver 2024
Қуллай, зуд, бехатар: Тоҷикистон ба пардохтҳои ғайринақдӣ мегузарад
2867
Қуллай, зуд, бехатар: Тоҷикистон ба пардохтҳои  ғайринақдӣ мегузарад

 

ҶСК “Ориёнбонк” ва сомонаи “Oila” бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, хосса ҷавонону муҳоҷирони меҳнатии тоҷик силсилаи подкаст-барномаҳоро таҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш менамоянд.

Подкастҳои мазкур бо унвони “Маърифати молиявӣ” тариқи ютуб-шабакаи “Oila” манзури тамошобинон гашта, дар ин барномаҳо коршиносони маъруфи самти иқтисод ва молия масъалаҳои муҳими иқтисодиро шарҳ медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023 ба низоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо мегузарад. Ин тасмим барои рушди иқтисодиёти кишвар ва ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаи мо чӣ аҳаммият дорад? Аввалин подкаст-барномаи “Маърифати молиявӣ” ба ҳамин мавзӯи муҳим бахшида шудааст.

Дар барнома Шариф Раҳимзода, коршиноси маъруфи самти иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи он ки чӣ тавр пардохтҳои ғайринақдӣ шаффофиятро беҳтар месозанд ва ба ҷамъоварии самараноки андозҳо мусоидат карда, амнияти амалиётҳои молиявиро таъмин менамоянд, андешаҳои ҷолиб ва манфиатбахш баён намуд. Инак, муҳтавои ин барномаро дар шакли фишурда манзури хонандагони азизи “Oila” мегардонем.

Oila: Бо Фармони Президенти мамлакат аз 1 августи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо гузашт. Сароғоз мегуфтед, аслан чӣ зарурат пеш омад, ки Тоҷикистон ба ин усул гузарад? Имрӯз бонкҳо ва ташкилоту идораҳои молиявии кишварамон то куҷо ба ин низом омодаанд?

Шариф Раҳимзода: Имрӯз тамоми кишварҳои пешрафтаи олам ба иқтисодиёти рақамӣ гузашта истодаанд. Табиист, ки Тоҷикистони мо ҳам наметавонад аз ин раванди умумиҷаҳонӣ берун бошад, бинобар ин, дар Тоҷикистон низ бояд тамоми низомҳое, ки бо низоми умумиҷаҳонӣ пайванданд, татбиқ гарданд. Аз ин нигоҳ, Фармони Пешвои муаззами миллат дар бораи тадбирҳои пардохти ғайринақдӣ саривақтӣ буда, бояд аз 1-уми август ҳама ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаранд. Асосан барои гузариш ба ин низом ду мақсад пайгирӣ карда мешавад. Яке дуруст ба роҳ мондани ҳисобдорист, яъне ҳамаи субъекҳои хоҷагидорӣ бояд даромаду хароҷоташонро дуруст нишон диҳанд ва андозҳои давлатӣ минбаъд дар муқоиса бо даромаду хароҷот ситонида шаванд. Ин барои таъмини озодии иқтисодии субъектҳои хоҷагидор бисёр муҳим аст. Вақте ҳар як соҳибкор даромад ва хароҷоташро дуруст нишон медиҳад, тамоми андозҳои муқараргаштаро сари вақт месупорад ва ҳуҷҷатҳои заруриро дорад, албатта забонаш дароз аст ва назоратчиёне, ки аз идораҳои масъули давлатӣ барои тафтиш меоянд, барои вай танҳо ёрдамчӣ-машваратчӣ мешаванд. Дар тамоми ҷаҳон имрӯз раванди кор чунин аст ва мо ҳам бояд ба ин усул гузарем. Дуюм, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки андозҳо сари вақт ҷамъ карда шаванд. Боварии комил дорам, ки агар мо ба пуррагӣ ба ин низом гузарем, даромади буҷҷаи давлатамон камаш якуним ду баробар зиёд мешавад. Албатта ин ба пешрафти ҷомеа, ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ба баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Сеюм, яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ ин хароҷоти муомилоти нақдӣ аст. Тахминан 80-82%-и маблағҳои пулие, ки мо дар муомилот дорем, маблағҳои нақдӣ буда, барои хизматрасониҳои нақдӣ-чопи пул, банду баст кардан ва нигаҳдории он, иваз кардани пулҳои фарсуда ва ғайра дар як сол тахминан 200 миллион сомонӣ сарф мешавад, ки ин маблағи хеле калон аст. Агар мо тавонем, ки ҳаҷми пулҳои нақдиро кам кунем, ин хароҷотҳо ҳам хеле камтар мешаванд.

Oila: Ҳадафҳои дигари гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ коҳиш додани навбатпоӣ дар назди бонкҳо ва банкоматҳо, таъмини шаффофият ва нигоҳ доштани қурби пули миллӣ мебошад. Аз назари шумо то куҷо бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кишвари мо барои гузаштан ба ин низом омода ҳастанд?

Шариф Раҳимзода: Ниҳодҳои молиявӣ, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии мо аз низомҳои байналмилалии молиявӣ хеле хуб огоҳ ҳастанд ва дар фаъолияти рӯзмарраашон бо ин низомҳо кор мекунанд. Онҳо барои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба пуррагӣ омодаанд. Банкоматҳо, терминалҳо ва телефонҳои мобилӣ бо ҳамин усул кор мекунанд. Фақат ба мо зарур аст, ки маърифати молиявии мардумро боло барем. Барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ аз васоити ахбори омма - радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода бурда, бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз кортҳои бонкӣ чӣ гуна бояд истифода бурд. Фаҳмондан лозим аст, ки банкоматҳо фақат барои гирифтани маблағҳои пулӣ нестанд, бо воситаи банкомат шумо метавонед маблағҳои пулии худро аз кортатон ба дигар ҷой гузаронед, андоз ва пардохтҳои дигарро супоред ва ҳамаи он амалиётҳоеро, ки то ин вақт ба таври нақдӣ иҷро мекардед, анҷом диҳед. Албатта, ягон кор бе душворӣ намешавад ва баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд. Масалан, баъзан корти як бонкро дар бонки дигар истифода карда намешавад, баъзе бонкҳое ҳастанд, ки барои додани пули нақд фоизи хеле баланд мегиранд, аммо ин мушкилиҳоро оҳиста-оҳиста метавон аз байн бурд. Вақте ки маърифати молиявии мардум баланд гашта, тарзу усулҳои муфиди истифода бурданро аз кортҳои бонкӣ ёд мегиранд ва аз нозукиҳои пардохтҳои ғайринақдӣ огоҳ мешаванд, он гоҳ аллакай худашон бонкро интихоб мекунанд ва ин боиси ба миён омадани рақобати шадид дар байни бонкҳо мегардад. Бонкҳо он гоҳ маҷбур мешаванд, ки хизматрасониҳои худро торафт беҳтару хубтар созанд, то ки мизоҷонашонро аз даст надиҳанд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

“ОРИЁНБОНК” САЗОВОРИ ҶОЙИ НАМОЁН ГАРДИД

Oila: Гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ то андозае нав нест, зеро дар аксари кишварҳои пешрафта мардум аз он бе ягон мушкилӣ истифода мебаранд. Барои Тоҷикистон таҷрибаи кадом давлат метавонад омӯзанда бошад?

Шариф Раҳимзода: Кишварҳои аврупоӣ дар ин самт хеле ва хеле пеш рафтаанд. Масалан, дар Шветсия ҳаҷми пули нақд ҳамагӣ 3% аст, вале моро лозим аст, ки аз таҷрибаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода барем. Масалан, Қазокистонро мегирем. Дар Қазоқистон имрӯз 85-90%-и маблағҳо ғайринақдӣ ҳастанд. Онҳо тавонистанд, ки қариб ба пуррагӣ ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гузаранд. Фақат дар қишлоқҷойҳо, дар минтақаҳое, ки алоқаи мобилӣ заиф аст, дар нуқтаҳои аз марказ хеле дур аз пули нақд истифода мебаранд. Фикр мекунам, ки мо бояд таҷрибаи Қазоқистонро истифода барем. Ӯзбекистон, ҳамсояи аз ҳама наздикамон, низ замоне маҷбурӣ кортҳои бонкиро ҷорӣ карда буд. Мардум онро дар оғоз қабул надоштанд, вале давлат пардохтҳои ғайринақдиро маҷбуран ҷорӣ намуд. Оҳиста-оҳиста мардум бартарии ин усули пардохтро дарк намуданд ва акнун хеле роҳат аз пардохтҳои ғайринақдӣ истифода мебаранд. Айни замон ҳаҷми пулҳои нақдӣ дар Узбекистон ҳамагӣ 27-28% аст.

Oila: Ба ғайр аз шаффофият ва манфиатҳои дигаре, ки шумо болотар зикр кардед, пардохтҳои ғайринақдӣ ба мардум боз чӣ фоида доранд?

Шариф Раҳимзода: Пеш аз ҳама, сарфаи вақт. Мардум дигар маҷбур намешаванд, ки соатҳо дар назди банкоматҳо, ё дар бонк навбат истанд. Дуюм, имконияти ба таври васеъ истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва аз байн рафтани маҳдудиятҳо аст. Шумо метавонед ҳатто соатҳои 2-3-и шаб маблағи пардохтнашудаи қарз, пули барқ, об ё андози худро аз кортатон тариқи телефони мобилии худ ба роҳатӣ пардохт намоед. Сеюм, сарфаи маблағҳои худ. Дигар зарур нест, ки барои пардохти пули барқ ё хизматрасонии дигар роҳкиро сарф карда, ба маркази шаҳр, ноҳия ё ҷойи дигар равед. Минбаъд, сарфи назар аз он ки дар куҷо ҳастед, шумо метавонед аз хона набаромада, маблағи тамоми хизматрасониҳоро пардохт намоед. Ҳамин тавр, гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки шумо вақт ва пули худро сарфа намуда, аз асабоният ва фишори рӯҳии навбатпоӣ дар идораҳо раҳоӣ ёбед. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бошанд, дар кадом давлате, ки бошанд, минбаъд метавонанд хароҷотҳои оилаи худро ба таври ғайринақдӣ пардохт карда, тамоми даромад ва хароҷотҳояшонро ба нақша гиранд ва маърифати молиявии худро боло бурда, маблағҳои ба даст меовардаашонро ба таври оқилона истифода баранд.

Аз идора: Шакли пурраи суҳбатро ин ҷо тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД