Arzon march 2024
“Ориёнбонк” сазовори ҷойи намоён гардид
1138

 

Дар Душанбе озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” ҷамъбаст гардида, ба ғолибони он дар маросими тантанавӣ ҷоизаҳо супорида шуданд.

Ғолибон аз рӯи якчанд номинатсия барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.

Дар озмуни мазкур се корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” – Лариса Ғайратова дар номинатсияи “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ”, Сурайё Зокирова дар номинатсияи “Корманди қарзии беҳтарин” ва Юлдуз Сафарқулова дар номинатсияи “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ғолиб омаданд.

Бояд гуфт, ки озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХ) дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон бори аввал дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занони мамлакат, ки дар низоми бонкӣ фаъолият доранд ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касбашон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба роҳ монда шудаанд, аз рӯйи номинаи додани кафолати бонкӣ ҷойи 3-юмро сазовор гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД