sebiston july new
“Ғул ”-и арӯсдузд
4051

Ишқ ба қалбам ногаҳон ворид шуда, маро чунон ошиқи шайдо намуд, ки аз Маҷнун ҳам девонатар шудам. Хостам рози ишқамро дар қаъри дил ниҳон созам, аммо натавонистам. Ишқ билохира сабру қарорро аз мани девона рабуд ва тоби сӯзу созашро накарда, ин розро ба қалам гуфтам. Қалам ин сирро ба коғаз гуфт, коғаз ба хонандагони “Оила “ рози ишқамро ифшо менамояд.

“Туҳфа ”-и роҳ

Волидонамро бисёр пазмон шуда будам, аз ин рӯ баробари ба охир расидани дарсҳо роҳ сӯйи деҳа гирифтам. Савораи мусофирбар то ҷамъ шудани мусофирон ба хондани рӯзномае машғул будам, ки ногоҳ садои маҳине ба гӯшам расид: “Мебахшед, ин ҷой холӣ аст? ” Сар бардошта моҳ, не балки фаришта, не-не офаридаи аз фаришта ҳам зеботари Худовандро дидам, ки саволомез ба ман менигарист. Ҳусни гулӯсӯзи духтар маро чунон волаю шайдо намуд, ки лол гаштам. “Мебахшед, ин ҷой холӣ аст? ” суолашро такрор намуд нозанин. Ба худ омада шармгинона гуфтам: “Бемалол бишинед! ” Раҳораҳ гӯё рӯзнома мехондам, вале чашмам ҳарфҳоро намедид, тамоми ҳастии ман маҳви ҳусну ҷамоли нозанини ношинос гашта буд. Куртаи атлас ба ҳусни ӯ ҳусни тоза зам карда буд ва чеҳраи зебои малакутиаш ба назар боз ҳам дилфиреб менамуд. Дилам мисли кабки қафас дар кунҷи сина беқаророна метапид ва худ аз худ мепурсидам: “Худоё, ин чи дард аст, ки якбора ба ҷонам афтод?! Наход дар як лаҳза ошиқ шуда бошам? Не-не, ин номумкин аст...”

Он зебояк нигоҳҳои пурмеҳри маро пай бурда аз шарм лола барин сурх шуд ва сар ба зер афканд. Ман ҳам хиҷолат кашида, рӯямро ба дигар сӯ гардондам, вале ин дили шайдо ҳар дам васваса мекард: “Худованд ҳар рӯз туро бо чунин парӣ рӯ ба рӯ намекунад, як бораки дигар ба рӯяш нигар! ” Садои диламро ношунида вонамуд карда наметавонистам ва гоҳ-гоҳ дуздида-дуздида ба сӯяш менигаристам. Чанд бор хостам сухане гуфта бо ҳамин баҳона бо паризод шинос шавам, аммо мағзам кор намекард ва ҳарфи хубе ба ёдам намерасид. Худро дар дил сарзаниш мекардам, дашном медодам, ба беҷуръатиам лаънат мехондам.

Маҷнуни сонӣ

Билохира то ба манзил расидем ва кулли мусофирон аз мусофирбар фаромаданд. Паризод низ пиёда шуда ба самте равон гашт. Қарор додам, ки аз пасаш рафта, маконашро муайян менамоям ё пайти муносиб пайдо намуда, мақсадамро ба ӯ мефаҳмонам. Нозанин бехабар аз таъқиби мани аблаҳ бепарвоёна қадам мезад. Ниҳоят ба як кӯчаи камодам даромадем ва ман ҷуръат намуда, садо кардам:

-Эй зебояк, куҷо меравӣ?

Паризод бо ҳайрат ба қафо нигарист ва маро дида, мисли ошнои дерин бо лаҳни ширин гуфт:

-Ҳа, ин шумоед?! Хонаатон дар ҳамин тарафҳост ё ба хонаи ягон хешу таборонатон меҳмонӣ меравед?

-На хонаам ин ҷост ва на дар ин наздикиҳо хешу табор дорам, танҳо бо як мақсад ба ин ҷо омадам, мехоҳам дарди диламро ба ту бигӯям. Маро гӯш мекунӣ?

Садои ларзонам магар раҳмашро овард, ки чашм ба рӯям дӯхта пурсид:

-Аз ман чӣ мехоҳӣ?

-Мммма-ро ббу-бахш!

-Барои чӣ туро бубахшам? Ошкортар гап зан, чизе нафаҳмидам,-асабонӣ шуд нозанин.

-Ман... ман... ман ба ту ошиқ шудам. Бо як нигоҳ туро дӯст доштам. Хоҳиш мекунам, ишқи маро рад накун!

Бо шунидани ин сухан нозанинро арақ пахш кард ва рухсорааш аз ҳаё лолагун гашт. Чанд лаҳза сукути сангин ҳукмфармо гашт.

-Илтиҷо мекунам, не нагӯй! Ман дар умрам бори аввал ошиқ шудаам ва намехоҳам ишқи аввалинам мисли ғурраи сармозада аз шохсори умед сарозер афтад,-нав қулфи забонам кушода гашта, сукути сангинро шикаста будам, ки дар хамгашти кӯча марде намоён шуд. Паричеҳра бо дидани он мард беқарор гашта, илтиҷоомез гуфт:

-Зудтар аз ин ҷо равед, ки бародарам меояд! Маро бо шумо бубинад, сахт ҷанг мекунад!

Вай дигар ба ман эътибор надода, шитобон роҳашро идома дод. Лолу ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонистам. Ин дам чашмам ба ҷавонмарди қоматбаланди кулӯтарише афтид, ки ба сӯи мо ҳаракат мекард. Дарёфтам, ки бародари духтар ҳамин ҷавон аст. Осемасар ба тангкӯча даромадам, то ба чангаш афтида шаллоқ нахӯрам.

Таъқиб

Вақте ки ҷавони кулӯтариш бо маликаи орзуҳои ман хеле дур рафт, дубора ба ҳамон роҳ баромадам ва аз пасашон таъқиб намудам. Онҳо бо якдигар дар бораи ким-чӣ суҳбат мекарданд, суханҳояшонро намешунидам, аммо аз дастҷунбониву ишораҳои ҷавон маълум буд, ки зебоякро маломат карда истодааст. “Духтари бечора аз рӯйи мани аҳмақ гап мешунавад. Бало занад маро, дигар ҷой наёфта ӯро дар ин нимароҳ нигоҳ дошта, изҳори муҳаббат намудаму зери борони маломат мондам ” мегуфтам дар дил худро маломаткунону дуздона аз пасашон ҳаракат мекардам. Билохира онҳо ба чорроҳае расида ба тарафи чап тоб хӯрданд. Ман аз онҳо хеле дур будам ва то ба сари чорроҳа расидам, ки нозанин бо бародараш аллакай аз назар ғайб зада буданд. Ҳарчанд кофтам, дигар ному нишонаашонро наёфтам.

Ишқи гумшуда

Рӯзи дигар бо умеди тасодуфан бо парии орзуҳоям рӯ ба рӯ шудан боз ба ҳамон кӯча омада, аз субҳ то шом роҳашро поидам, вале дар миёни роҳгузарон дигар он чеҳраи ошноро надида, навмед ба хонаамон баргаштам. Ишқи парии ношинос маро то ҳадде девона карда буд, ки дигар аз гулӯям чизе намегузашт, танҳо оҳи сӯзон мекашидаму халос!

Ба ҳамин минвол як ҳафтаи расо ҳар рӯз ба он кӯча рафта, фариштаи умедамро ҷустам, вале дигар бахт ба рӯям нахандид. Мушкил дар он буд, ки ман на номи ӯро медонистам, на суроға ё исми падару модарашро дарак доштам. Пас аз ҷустуҷӯҳои беҳосил ва ғаму ғуссаи зиёд умедамро аз пайдо намудани маликаи ишқам канда ба шаҳр баргаштам.

Бӯсае, ки лаззати биҳиштӣ дошт

Аз байн беш аз ду моҳ гузашт. Рӯзе дар китобхонаи миллӣ машғули мутолиа будам, ки садои маҳине ба гӯшам расид:

-Салом ошиқ!

Сар бардошта якбора “воҳ ” гуфта мондам. Дар болои сарам ҳамон маликаи орзуҳою ишқи аввалинам истода буд ва мисли гули садбарги навшукуфта ширин табассум мекард. Мани ҳайратзада аз ҳаяҷон чӣ гуфтанамро намедонистам.

-Ҳа, ошиқи шайдо, магар маро нашинохтӣ?

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 22-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД