arzon replenishment
ҲУКМИ СУДИ РАҲМАТУЛЛО ГАДОЕВ ЭЪЛОН ШУД!
2837


Аз куштори ваҳшиёнаи духтарчаи 9-сола Руфейда Иноятова аллакай қариб чор моҳ гузашта бошад ҳам, сару садоҳо дар бораи ин ҷинояти нангин ва даҳшатангез то ҳол хомӯш нагаштаанд.

Ёдрас мешавем, ки ин духтарчаи заркокул рӯзи 4-уми июл аз ноҳияи Рӯдакӣ аз назди бинои истиқоматиашон гум шуда буд ва баъди як шабонарӯз ҷисми бе ҷон ва порашудаи кӯдаки маъсумро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд. Қотил мисли даррандаи хунхор ба ин духтарчаи бегуноҳ ҳамла карда, аввал кӯдакро мавриди таҷовуз қарор дода, сипас ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буд.
Ин ҷиноят он қадар ваҳшатнок буд, ки аз шунидани тафсилташ ба тани кас мурғак дамида, хуни гарм дар рагҳои инсон ях мебаст. Қотили бераҳм мисли қассобе, ки сари баррачаи қурбониро аз танаш ҷудо мекунад, баъди содир намудани ҷиноятҳои вазнин сар ва дасту пойи духтарчаро аз тан ҷудо карда, ба ҳоҷатхона партофта буд.
Куштори ваҳшатангези ин кӯдаки бегуноҳ касеро бетараф нагузошта, тамоми мардуми кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по хезонд. Фаъолони ҷамъиятӣ талаб намуданд, ки ба қотил ҳукми қатл дода шавад, аммо...
Мурофиаи Раҳматулло Гадоеви 31-сола, ки дар ҳамсоягии оилаи Иноятовҳо зиндагӣ мекард ва дар куштори ин духтарчаи бегуноҳ гумонбар дониста мешуд, пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт. Ниҳоят пас аз баррасии ҳамаҷониба Суди Олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоевро дар таҷовуз ва қатли Руфейда Иноятоваи 9-сола гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум намудааст.
Бояд таъкид кард, ки суди олӣ ҳанӯз дар ин бора расман хабаре нашр накардааст, аммо Радиои Озодӣ дар такя ба гуфтаҳои падари Руфейда Иноятова-Валиҷон Иноятов хабар додааст, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба Раҳматулло Гадоев рӯзи 19-уми октябр эълон карда шуд.
Иноятов аз шарҳи тафсилоти мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ намуда, танҳо як нуктаро зикр кардааст, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ розианд ва аз аввал талабашон ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД