Sebiston new 2024 october
Уфти рубл муҳоҷиронро ноумед кард
788

Рубли русӣ дар Тоҷикистон боз поён рафт. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 119,5 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл барои 1000 рубл 125 сомонӣ медоданд.

Коҳиши арзиши рубли русӣ ба вазъи иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад ва ин қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Дар ҳамин ҳол пули амрикоӣ ҳафтаро қариб бидуни тағйир оғоз карда, ба ҳадди ночиз поин рафтааст. Агар чанд рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9140 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9215 сомонӣ медиҳанд.

Асъори аврупоӣ бошад, баръакс нишондоди мусбатро давом медиҳад. Тибқи иттилои БМТ дар бозори арз барои як евро 11.9558 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ қурби евро 11.9083 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Бояд гуфт, ки чунин вазъият ба ҷайби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия бетаъсир намемонад, зеро маҳсулоте, ки аз хориҷа бар ивази доллар ба ин кишвар ворид мешаванд, нархаш боло меравад.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД