Arzon march 2024
Тӯйи арӯсии Фарзонаи Хуршед "прикол" будааст ё ҳақиқат?
1314

Ду рӯз қабл Фарзонаи Хуршед дар сторизи Инстаграми худ чанд наворе нашр кард, ки либоси арӯсӣ пӯшидаву гӯё шавҳар мекарда бошад. Чанд нафар ӯро ба оғӯш гирифта, табрик мекарданд.

Дар сторизи якуми Фарзона дида мешуд, ки ӯ бо либоси зебо ва дар сар тур таъзим дода истодааст ва Шабнам бо як нафари дигар ҳамчун туҳфаи тӯёна ба ӯ ороишот дода, ба оғӯш мегиранд. Дар рӯи ин навор чунин навишта шуда буд: ”Худо ҳамаро бахт тияд”.

Дар сторизи дигар Фарзона навореро нашр кард, ки Шабнам ӯро ба оғӯш гирифта, гиря мекунад. Фарзона дар навор чунин навиштааст: “Агар тӯямро гардонам, айби гиряҳои ту. Пораи қалбам. Ту нахоҳӣ, ман хонаи шавҳарам намеравам. Ман туро танҳо намемонам. Ту зиндагиамӣ”.

Дар баробари ин наворҳои дигар низ нашр шуданд, ки гувоҳи ҳадяҳои қиммати тӯёна дар як хона буданд. Дӯстони наздики Фарзона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро табрик менамуданд.

Ин наворҳо дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, вале баъдан маълум шуд, ки ин тӯйи арӯсии Фарзонаи Хуршед набудааст. Фарзона барои мухлисонаш каме ҳазл кардаасту халос.

Дар асл ин наворҳо аз рафти тӯйи ҷияни Шабнаму Фарзона - писари апаи калониашон Рузигул - Амирҷон будааст.

Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъ мегӯянд, ки дар ҳақиқат шавҳар кардааст. Мо ин хабарро пайгирӣ мекунем ва ба хонандагон тафсилоташро мерасонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД