Мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозед. Ман бояд издивоҷ мекардам, вале чанд вақт пеш яке аз хешовандонам аз дунё гузашт. Фаҳмиданиам, ки оё ҳозир издивоҷ карда метавонам, ё ки пас аз додани маъракаи соли маит тўйро гузаронам?
Раҳмиддин Олимов
Аз нигоҳи шариат айёми таъзия се рӯз аст. Баъд аз ин зиндагӣ боз ба маҷрои худ идома медиҳад.
Издивоҷ суннати Паёмбар (с) аст ва шитоб кардан дар анҷоми он мустаҳаб ва хуб аст. Онро як сол ба таъхир андохтан шарт нест.