Дар шаҳри Истамбули Туркия раванди тахриби хонаҳое, ки хатари фурӯпошӣ доранд, оғоз шудааст. Бо усули сканкунии зуд муайян карда шуд, ки онҳо ба заминчунбй тоб оварда наметавонанд. Дар ин бора шаҳрдори Истамбул Экрем Имомоглу дар шабакаи иҷтимоӣ Твиттер навиштааст.
“Бо мақсади суръат бахшидан ва ҳавасманд кардани ин раванд, мо ба соҳибони манзилҳои биноҳои хатарнок 4500 лираи иловагӣ ҷудо мекунем. Ман ҳамаро ба ҳамкории ҷиддӣ дар ин замина даъват мекунам” гуфтааст ӯ.
Рӯзи 17-феврал маъмурияти Истамбул 318 биноро муайян кард, ки дар сурати заминларза дарҳол фурӯ мерезанд. Дар ин хонаҳо 10 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
"1525 бинои дигар ба категорияҳои D ва E тааллуқ доранд ки дар онҳо низ хатари ба заминаҷунбӣ тоб наовардан вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, мо нақшаи 318 биноро омода кардем, ки дар он 10 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сокинони ин хонаҳо эвакуатсия карда мешаванд. Ба соҳибонашон барои иҷораи манзил ҷубронпулӣ дода мешавад», - гуфтааст Бугра Гекче, ёвари котиби генералии Истанбул.
Вай афзудааст, ки дар шаҳр чаҳор сол боз дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникӣ барномаи арзёбии тобоварии биноҳоро амалӣ мекунад. Дар давоми се сол ба идорахои расмй кариб 30 хазор ва баъди заминларзаи 6- феврал қариб 40 ҳазор ариза қабул карда шудааст.