arzon replenishment
Туҳмати марди ҳамсоя ҳаёти Рухсорамоҳро сӯхт
1505

Дар деҳаи мо духтарон хеле кам ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд ва маълумот мегирифтанд. Аммо Рухсора ном духтар (номашро иваз кардам) новобаста аз муқобилияти падару модараш ҳуҷҷатҳояшро пас хатми мактаби миёна ба факултаи меъмории Донишкадаи техникии шаҳри Душанбе супорида, донишҷӯ шуд.

Дар байни мардуми деҳа ин ҷуръати Рухсора сабабгори гапу калочаи калон шуд. Зеро аксари кулли мардум, ки дар банди хурофот монда буданд, гумон доштанд, ки духтарони хондагӣ ҳамаашон бадгашту ба қавле “чашмашон бозшуда буданд”. Гумон мекунед, ки чунин гапҳоро танҳо “занакои лаби об” байни ҳам мегуфтанд? Не, аксари ин овозаю ин ақидаҳоро мардҳо ба занҳои худ талқин мекарданд, ва онҳо дар навбати худ байни ҳам онро паҳн менкарданд. Дар мавриди хондани Рухсора низ, чунин шуд.

Як марди чаласаводе аз шаҳр гап овард, ки гӯё Рухсора дар он ҷо бо муаллиме алақа доштааст, ва он муаллим духтарро “моли худ” кардааст. Касе аз он чаласавод напурсид, ки ин гапро ӯ аз куҷо фаҳмидааст, ва чаро маҳз бо муаллим алоқа доштааст?

Вақте, ки ин овоза дар деҳа паҳн шуд, онҳое, ки новобаста ба “духтари хондагӣ” будани Рухсора, ӯро барои хушодобию рафтори хубаш келин карданӣ буданду ҳатто фотеҳа ҳам карда буданд, аз раъяшон гаштанд. Ин овоза ба гӯши падари Рухсора ҳам расид, ва ӯ ба шаҳр рафта, духтарашро аз курси чорум бароварда, ба деҳа овард. Ҳарчанд, устодони донишгоҳ хоҳиш карданд, ки чун духтар дар курси охирин таҳсил дорад, падараш гузорад, то Рухсора таҳсилашро давом диҳад, аммо падар сари номус ин корро накард. Рухсора ба ин туҳмати ноҳақ тан доданӣ набуд, ва ба назди он нимчамулло рафта, исботи гуноҳашро талаб кард.

Марди туҳматгар пас аз таҳдиди Рухсора дар мавриди муроҷиат ба органҳои давлатӣ маҷбур шуд гӯяд, ки ин туҳматро ӯ барои он ки садди роҳи духтари якрави худаш, ки ӯ низ мехост дар мактаби олӣ таҳсил кунад, гардад, бофта баровардааст. Рухсора, ки аллакай пас аз зиндагии шаҳрӣ аз ҳуқуқҳои худ огоҳ шуда буд, аз марди чаласапвод талаб кард, ки дар ҳузури ҳама аз ӯ ва падару модараш узр пурсад. Ҳарчанд, ин мард аз духтар дар ҳузури намозгузорони масҷид деҳа узр пурсид, аммо доғи туҳмати ноҳақ аз ӯ пурра пок нашуд ва дили Рухсора низ аз ҷинси мард монд.

Баъдан, хеле касон хостанд бо ӯ оила барпо кунанд, вале ӯ розӣ нашуд.

Гулистон АФЗАЛЗОДА, деҳаи Очқурғон, н. Ҷиргатол

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД