Arzon march 2024
ТУҲМАТ
4906

 

Абрӯ, сокини деҳаи Фрунзеи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар аст. Аз дарвозаи ҳавлии ин зани заҳматкаш даромада, ҳеҷ боварии кас намеояд, ки дар асри ХХI дар Тоҷикистони мо ҳоло ҳам чунин оилаҳо ҳастанд. Хоначаи бо кӯмаки писарчаи даҳсолааш сохтаи Абрӯро танҳо бо оғилхона метавон қиёс намуд. Ин зани ҷабри қисматро фаровон дида, дар ҳамин хоначаи гилин шодона зиндагӣ дораду Худоро шукр мегӯяд, ки соҳиби сарпаноҳ аст.

Қарзи падарӣ ва бахти сиёҳ

Абрӯ ҷавонзани зебою хушрафтору хушгуфтор аст, вале бахт ба рӯяш нахандиду дар зиндагии оилавӣ рӯзи хуше надид. Волидонаш ӯро хеле барвақт ба шавҳар дода, бо ҳамин гӯё қарзи падарию модариашонро иҷро карданд. Абрӯ аз уҳдаи ҳама кору бори рӯзгор мебаромад ва ягон айбу гуноҳ надошт, вале хусуру хушдоман барои зӯрии худро нишон додан ба ҳар кораш эрод гирифта, пеши писарашон аз Абрӯ шикоят менамуданду байни ҷавонон фитна меангехтанд. Ба гумоне, ки агар сабр кунад, ҳамааш дар оянда хуб мешавад.

Абрӯ бо сари хам ба ҳама ҷабру ситами пайвандони шавҳараш тоқат карда, модари чор фарзанд гашт. Вақте шавҳараш бо исрори волидонаш ба муҳочирати меҳнатӣ рафт, ин келинчаки бо нангу номус натанҳо корҳои занона, балки тамоми корҳои мардонаро низ бар дӯши худ гирифт, вале хусуру хушдомани «зӯр» на меҳнаташро қадр карданду на хотири чор фарзандашро диданд.

Туҳмати қисматсӯз

Волидони шавҳараш зоҳиран одамони худотарс буданду панҷ вақт намозашонро тарк намекарданд, вале бо ин ҳама худоҷӯйиву худошиносӣ коре карданд, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеояд. Роҳи ягонаи аз Абрӯву фарзандонаш халос шуданро онҳо дар буҳтон дида, келинро туҳмат карданд. «Бероҳагию бечогардӣ»-и занашро аз забони волидонаш шунида, шавҳараш ба ин ҳама туҳмату буҳтонҳо бовар кард ё хотири падару модарашро дида, талоқи Абрӯро дод. Ин марди майдону падари чор фарзанд пеш аз талоқ додан ақалан як бор аз ҳамсараш напурсид, ки ин гапҳо оё ростанд ё дурӯғ?

Нонхӯрҳои зиёдатӣ

Абрӯи бегуноҳ бо туҳмати пайвандони шавҳараш номи бади бевагиро гирифта, гирёну нолон ба хонаи волидонаш баргашт. Ӯ умед дошт, ки дар чунин рӯзҳои талх пайвандонаш такягоҳу пуштибонаш мешаванд, вале хаёлаш хом баромад.

Пайвандонаш акнун аз духтари беваагаштаашон ор карда, чашми диданашро надоштанд ва аз хусуру хушдоманаш бештар ба ҳар кори ӯ эрод мегирифтанд. Ахиран Абрӯю фарзандонашро нонхӯри зиёдатӣ номида, талаб карданд, ки аз хона баромада равад. Занаки бечора бо чор фарзанд ба куҷо рафтанашро надониста, маҷбур шуд, ки духтари калониашро ба хусуру хушдомаш диҳад.

Дар марзи нангу номус

Ғаму дарди зиндагӣ Абрӯро бармаҳал пир карда бошад ҳам, натавонист иродаи матиншро шиканад. Ин ҷавонзани бонангу баномус тариқи радио баромад карда, арзашро ба гӯши ҳокимони давр расонд ва ба он комёб гашт, ки барояш қитъаи замине ҷудо намоянд.

Бо кӯмаки фарзандони хурдсолаш ҷавонзани меҳнатӣ ҳамин хоначаи лойиро сохта, ҷигарбандонашро аз дарбадарӣ наҷот дод. Ин зани сахтиҳои бисёр дида, барои таъмини худу фарзандонаш дар ба дари мардум хизматгорӣ мекунад. «Аз бадномию гадоӣ дида, бо хизматгорӣ ҳам бошад, нони ҳалоли меҳнатӣ ёфта хӯрдан беҳтар аст», - мегӯяд Абрӯ. Шояд самари ҳамин нони ҳалоли модар аст, ки писарчаи даҳсолааш аллакай дастёру мадагори Абрӯ гаштааст ва мехоҳад дар оянда хонда, соҳиби касбу ҳунар шаваду додару хоҳарашро хор шудан намонад.

Саволҳои беҷавоб

Писарчаи Абрӯ бо шавқ дар бораи орзуҳояш нақл мекунаду маро андешае фаро мегирад, ки дар ҳар деҳа муаллим, табиб, мулло ва одамони сарватманду соҳибэҳтиром ҳастанд, пас чаро онҳо нисбати вайроншавии оилаҳо бетарафанд ва масали «туро ору газад, маро чӣ ғам» - ро дар зиндагӣ шиори худ намудаанд?!

Бархе пули калон сарф карда, се - чор бор ба зиёрати хонаи Худо мераванд ва чунон тӯю маъракаҳои бошукуҳ меороянд, ки даҳони кас аз диданаш воз мемонад. Чаро ба ҷойи ин ҳама худнамоиҳо боре ба атрофашон нигоҳ карда, ба Абрӯ барин занони дармонда дасти ёрӣ дароз намекунанд? Домуллоҳои муҳтарами мо соатҳо амри маъруф мекунанд, вале аз чӣ бошад, ки дар боби вазифаҳои мард дар назди зан гап задан ба хотирашон намерасад. Муллоҳои мо боре намегӯянд, ки “ҳой хусуру хушдоманҳо, бо туҳмату балво писаронатонро ба талоқ додани занҳояшон маҷбур накунед, ки бева намудани зани бегуноҳу зиндаятим гардонидани кӯдакони маъсумаш дар назди Худованд гуноҳи бузург аст”. Магар мусалмонӣ фақат намоз хондану рӯза гирифтан аст? Магар Худованд гирифтани дасти ятимону бевазанҳою дармондагонро ба мо фарз нагардонидааст?

Бад макун то бад наояд туро

Вақте зан бо ранҷу азобу машаққатҳои ҷигарсӯз фарзандонашро калон ва соҳиби кору хонаву дар намуд, нафарони насиҳатгӯе пайдо мешаванду таъкид мекунанд: «падарат хук бошад, хукбонӣ кун! Аз оҳу дуои бадаш битарс ва аз ҳолаш хабар гиру кӯмакаш расон …». Чаро ҳозир касе аз ин нафарон ба он падари ҷоҳил панд намедиҳад, ки кӯдаконро сағира кардан убол аст ва оҳи дили фарзанд мегирад, бачаҳоятро хору зор насоз!

Мушкилоти моро то ба кай ташкилотҳои байналмилалӣ тариқи суд ҳал ва ҳуқуқи занону фарзандони дар кӯча мондаи тоҷикро ҳимоя кунанд?! Магар ин шаъну шарафи халқи тоҷикро дар арсаи чаҳонӣ коста намесозад?!

Падару модарон, хусуру хушдоманҳо ва шавҳарону бародарони азиз! Дини ислом оиларо поку муқаддас медонад. Пас, биёед келин, зану фарзанд ва хоҳарону духтарони худро хору зор ва дар ба дар шудан намонем! Фаромӯш накунед, ки он чӣ имрӯз шумо нисбати ҳамсару хоҳари худ раво мебинед, дар оянда ҳатман аз фарзандонатон хоҳед дид. Он гоҳ пушаймониву надомат суд надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД