new banner new years
Тухм хотираро беҳтар мекунад!
28.11.2024
ОИЛА.ТҶ
502

Бисёриҳо дар субҳона тухм истеъмол мекунанд. Исбот шудааст, ки истеъмоли 2 дона тухм дар давоми рӯз ба саломатӣ боманфиат аст. Зардии тухм дорои модаи холин аст, ин аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб мусоидат намуда, ба мо кумак мекунад, то ҷузъиётро дар хотир нигоҳ дорем.

Ҳамзамон тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин - витамине бой аст, ки барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунад. Лютеин табиатан дар чашм пайдо мешавад.

Устухонҳо ва дандонҳо мустаҳкам мешаванд. Тухм аз витамини D бой аст, ки сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Хӯрдани тухм инчунин организмро бо калсий таъмин мекунад, ки ба устухонҳо қувват мебахшад ва аз остеопороз пешгирӣ мекунад.

Истеъмоли тухм махсусан барои кӯдакон муфид аст, зеро ин одати оддӣ тамаркузи онҳоро беҳтар мекунад ва ба онҳо кумак мекунад, ки беҳтар омӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД