Дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҷониби Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кул ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳадяҳоро, ки аз маҷмӯи сарулибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат будааст, раиси шаҳри Бохтар ва дигар ҳайати ҳамроҳаш ба 100 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр дастрас намудаанд.
- Зимни тақдими туҳфаҳо Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар гуфт, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад,- меафзояд манбаъ.
Хонандагон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо нисбати онҳо хушҳол гардида, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ изҳор намудаанд.