1xbet
Туҳфаҳои идонаи Президент ба дасти кӯдакони ятими ноҳияи Рӯдакӣ расид
88

 

Ба ифтихори Рӯзи дониш ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдакони ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар чорабинӣ вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, туҳфаҳоро аз номи Сарвари давлат ба зиёда аз 60 нафар кӯдакони ятим ва ниёзманд супурданд.

Дар рафти вохӯрӣ зикр карда шудааст, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша табақаҳои ниёзманди ҷомеаро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД