sebiston july new
ТУҲФАИ НИГИНА ВА АБРОР ДАР ОҒОЗИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН
2264

 

Нигина Амонқулова, овозхони 35-солаи тоҷик ва Аброр Назаров, овозхони 37-солаи тоҷик бадеҳаи ҷадиди худро нашр карданд. Клиптарона “Дар оғӯши манӣ” унвон гирифта, аз ҷониби корбарони шабакаи YouTube хуш пазируфта шудааст.

Матни шеър ба қалами шоир афғон Ҳоруни Роун тааллуқ дошта, ба он худи Аброр Назаров оҳанг бастааст. Нигина Амонқулова то ин дам дар хусуси таронаи наваш чизе нагуфтааст, аммо Аброр Назаров як порчаи онро нашр карда, ба гурӯҳи эҷодӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст.

“Таваллуди суруди нав муборак”,-навиштааст Аброр дар саҳифаи Инстаграмаш. Суруди “Дар оғӯши манӣ” яке аз 10 суруди ҷадиди Нигина Амонқулова мебошад, ки қарор аст, то охири сол пешкаши мухлисонаш карда шаванд.

Аброр Назаров дар ҷодаи санъат нафари тасодуфӣ набуда, писари овозхон ва оҳангсози шинохта Далер Назаров мебошад. Клиптаронаи “Дар оғӯши манӣ” туҳфаи Нигина ва Аброр дар оғози моҳи шарифи Рамазон гуфта мешавад, ки дар омода кардани он саҳми Далер Назаров назаррас аст.

 https://www.youtube.com/watch?v=nzSNJ5pxUDs

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД