Маҳсулоти лозима:
- 250 грам печен;
- 220 грам шоколад;
- 90 грам қаймоқ;
- 80 грам ширқиём.
Тарзи таҳия:
Дар зарф печенҳоро мегирем. Агар ҳар гуна печен бошад, мешавад. Онҳоро бо блендер ё ғалтак майда мекунед. Ба дарунаш қаймоқ ва ширқиём илова карда, омехта менамоеем.
Баъдан, онҳоро гирдак карда тоб медиҳем, ки андозаашон ҳамчун чормағз бошад. Дар умум 16 -20 дона мешавад.
Шоколадро дар буғ об мекунем ва бо шоколад оро медиҳем. Онро аз болои трюфелҳо шоколадро мерезем.
Трюфелҳоро ҳамагӣ дар 15 дақиқа омода мекунед, ки хеле осон ва болаззат аст. Бъдан, 2 соат дар яхдон меистаду дам мегирад. Шоколадҳои зиёдатии гирдашро мегирем ва бо ширқиём оро медиҳем.
Бо иштиҳо бошед!