Маҳсулоти лозима:
5 дона – тухм
200 мл – шир
100 грам – равғани растанӣ
300 грам – орд
300 грам – шакар
Какао 18 грам
маводи ковоккунанда
Барои ороиш:
660 грам – қаймоқ,
160 грам – хокаи шакар
Банан
Тарзи таҳия:
Дар зарфе тухм ва шакарро то сафед шуданаш бо миксер лат мезанем, баъдан ба он 1 стакон равғани растанӣ ва шир илова карда, боз камтар лат мезанем. Пас аз ин орд ва 3 – 4 қошуқ какою маводи ковокунанда меандозем ва боз лат мезанем. Хамирро дар лаълии тафдон мерезем ва дар ҳарорати 160 дараҷа мепазем. Бисквит ки пухт, онро майда мекунем, то ки мисли хока шавад. Барои ороиш малҳам (крем) омода мекунем.
Дар зарфи дигар қаймоқ ва хокаи шакарро то омода шуданаш лат мезанем, баъд ба он панири дилмашударо илова карда, то омода шуданаш хуб лат мезанем. Пас аз ин ба истакон крем мекунем ва нонрезаи бисквитро мерезем ва бананро майда реза карда дар байнаш мечинем. Боз малҳам мекунем, нонрезаи бисквитро мегирем, бананро мечинем. Мувофиқи табъи худ метавонед аз мураббои олуча истифода кунед ва боз малҳам молида, хокаи бисквитро пошед, бозмалҳам молед ва болояшро мувофиқи табъи дили худ оро диҳед.