Президенти Амрико Доналд Трамп зимни суҳбат бо рӯзномаи англисии “Financial Times” ошкоро гуфтааст, ки мехоҳад нефти Эронро дар ихтиёр дошта бошад. Бо ин мақсад Трамп ҷазираи Хоргро, ки бандари асосии содироти нафти Эрон мебошад, тасарруф карданист.
“Кори дӯстдоштаи ман - ин дар ихтиёр гирифтани нефти Эрон аст, аммо баъзе одамони аблаҳ дар Амрико мегӯянд, ки “чаро шумо ин корро мекунед?". Онҳо одамони аҳмақанд”,- изҳор доштааст Трамп. Трамп муътақид аст, ки ба осонӣ ин ҷазираро метавонад тасарруф намояд.
“Ман фикр намекунам, ки онҳо ягон дифоъ дошта бошанд. Мо метавонем онро хеле осон тасарруф кунем”,- гуфтааст президенти Амрико.
Изҳороти Трамп дар ҳоле садо дод, ки дар худи Амрико ва Исроил ҳазорон одамон алайҳи ҷанг бо Эрон намоишҳои эътирозӣ баргузор карда истодаанд.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил ба муқобили Эрон вазъият дар Ховари Миёна хеле муташанниҷ буда, нархи нефт 50% афзоиш ёфтааст.
Эҳтимол меравад, ки Амрико бо ҳамлаҳои ҳавоӣ иктифо накарда, ба хоки Эрон ҳамлаи заминӣ хоҳад кард. Эрон низ изҳор доштааст, ки ба даргириҳои заминӣ омода аст.
“Мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони амрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷонашон андозанд”,- гуфтааст раиси парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф.