Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум байни мардумон дода шуд. Ордени “Дуслик” мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро ҳамчун баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.
Зимни суханронӣ ба ин муносибат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.
Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ доранд ва барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
“Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд”-иттилоъ медиҳад “Ховар”