Sebiston new 2024 october
Тотористон ба ронандагони тоҷик маоши баланд ва шароитҳои хуби корӣ ваъда кард
531

Тотористон омода аст ронандагон ва контролерҳои тоҷикро бо маоши баланд ва шароитҳои хуби корӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор ҷалб созад. Тасмими мазкур рӯзи 16-май зимни Форуми байналмилалии иқтисодии “Россия-ҷаҳони ислом: Форуми Қазон” гирифта шудааст. Дар доираи Форум ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия меморандум ба имзо   расид.

Аз ҷониби кишвари мо ба меморандум Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби Тотористон Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Тотористон Фарид Ханифов имзо гузоштанд.

Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати ду кишвар тартиб дода шуда, самари сафари намояндагони расмии Федератсияи Россия бо сарварии М.В. Мишустин ба шаҳри Душанбе дар соли 2023 мебошад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби муттахасисони баландихтсос ба корхонаҳои соҳаи нақлиёт буд.

Дар Тотористон низ мисли дигар минтақаҳои Русия норасоии нерӯи корӣ эҳсос мешавад. Аз ҳамин хотир Тотористон тасмим гирифтааст ронандагон, контролерҳо ва инженерҳои тоҷикро бо музди баланд ва шароитҳои хуби корӣ барои кор дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ ҷалб намояд.

Дар меморандум имконияти кушодани корхонаҳои нави соҳаи нақлиёт ва мусофиркашонӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар сурати дар амал татбиқ гаштани меморандум барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тотористон ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ бо музди баланд, шароитҳои хуби корӣ ва дастрасӣ ба ҳимояи иҷтимоӣ пайдо хоҳад шуд.

Ронандагони тоҷик дар қисмати шимолии Тотористон-Бугульмы ва Лениногорск кор хоҳанд кард. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД