Arzon march 2024
Торти «Соли навӣ»
870


Маҳсулоти лозима:
6 дона – тухм
2 стакон – шакар
1 пачка – маводи ковоккунанда
1,5 стакон – орд

Барои ороиш:
1 пачка - қаймоқ
1 стакон - шакар
1 пачка – шири моеъ
1 пачка – дилала
1 пиёла – шир

Тарзи таҳия:
Дар зарф тухм ва шакарро бо миксер 5 дақиқа лат мезанем. Пас аз он ба он орд ва маводи ковоккунанда илова карда хуб омехта мекунем. ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва маҳлулро ба тоба андохта дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем. Барои ороиш қаймоқ ва шакарро бо миксер лат мезанем. Ба дилала 1 пиёла шир андохта бо миксер лат мезанем то омода шудани дилала ва ба он шири моеъ андохта то омода шудани малҳам (крем) лат мезанем. Малҳамро ба бисквити хунукшуда мемолем ва тортро оро медиҳем. Ба болояш ороиши соли нави мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД