Arzon march 2024
Торти безарар барои беморони диабети қанд
960

 

“Аниса Давлатзода, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи молия ва иқтисод, дирӯз дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷои сеюм гашт. Ин нуқтаро имрӯз дар нишасти хабарии ин донишгоҳ, Баҳром Сафаров , муовини ректор оид ба илм қайд карданд.”

Ин донишҷӯ ширинеро омода кард, ки махсусан барои бемороне, ки диабети қанд доранд, безарар мебошад. Таркиби ин ширинӣ аз маҳсулоти барои ин гурӯҳи беморон тавсияшаванда иборат буда, дар шароити хона метавонанд омода намоянд.

Абдуалимзода Ҳакимбек , Ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои соли 2022 ба рӯзноманигорон ва ҳақати донишгоҳ ҳисоботи худро ироа намуд.

“Соли 2022 нақшаи қабул зиёда аз сад фоиз иҷро шуд. Айни замон бошад дар донишгоҳ 39 ихтисос фаъолият мекунад. Соли гузашта мо дар донишгоҳ панҷ ихтисосро ворид кардем, ки он ҳам иқтисодиёти рақамӣ, бетараии иқтисодӣ, танзими давлатии иқтисодӣ миллӣ ва кибернетикаи иқтисодӣ мебошад. Дар соли 2023 ҳангоми қабули довталабон ин ихтисосҳо ҷорӣ карда мешавад.

Дар соли гузашта дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон 150 нафар дохил шудаанд ва дар маҷмӯъ шумораи онҳо 900 нафарро ташкил медиҳад. Донишгоҳ барои ин гурӯҳи дониҷӯён курсҳо ва забономӯзии ройгонро роҳандозӣ кардаем. Имтиёзҳои дигари донишҷӯёни хориҷӣ шартномаи бениҳоят паст мебошад. Ин ҳавасмандкуниҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ ва ҷалби онҳо заминаи хубе гузоштааст, чунки ҳамагӣ бо шартномаи 6 ҳазор сомонӣ онҳо донишҷӯи донишгоҳи мо мегарданд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ баргузор карда мешавад, мақоми чорумро ишғол мекунад. Донишгоҳ аз 6 факулта, 19 кафедраҳои тахассусӣ ва 8 кафедари умумидонишгоҳи фаъолият мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД