Formula novemver 2024
Торти асалии болаззат бо қулфинай
219

 

маҳсулоти лозима:

2 дона – тухм 220 грамм – шакар 100 грамм – равғани маска 2 қошуқ – асал 1 қошуқча – асал 400 грамм – орд

Барои ороиш:

Қаймоқи 33% - 400 мл Сметана 25% - 450-500грамм Хокаи шакар – 150 грамм

Тарзи таҳия:

Аввал дар зарфе асал, шакар ва равғани маскаро мегирем ва дар болои оташи паст гузошта, то об шуданаш мекобем, сипас дар гармияш сода илова карда, реаксияи содаро мегузаронему дар зарфи дигар мегирем, то ки хунук шавад. Баъд аз он тухм, каме намак, ордро илова карда, омехта мекунем.

Хамирро ба 10-12 зувола тақсим мекунем ва ҳар кадомашро тунук карда, дар қолаб мепазем.

Баъд аз пухтанаш қабатҳои зиёдатии коржро мебурем ва дар блендер хока мекунем, барои ороиши болояш.

Барои оро додан қаймоқро бо хокаи шакар лат мезанем ва сметана илова карда, боз каме дигар бо миксер лат заданро идова медиҳем. Пасон, ҳар як қабатро гузошта, каме шир мемолем барои мулоим шуданаш ва малҳамро мемолем. Ин амалро то охирон қабаташ анҷом медиҳем.

Тортро каме дар яхдон мегузорем, пасон боқимондаи малҳамро дар ҳама тарафи торт мемолем ва ба болояш хокаи аз корж омода кардаро мепошем.

Қулфинайро реза карда, болояшро бо қулфинай оро медиҳем. Метавонед ҳар меваеро, ки мувофиқи табъи худатон аст, барои ороиши болояш истифода баред. Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД