Commerce bank may-june 2026
Торт бо қаймоқ
25.07.2026
Oila.tj
39

Маҳсулоти зарурӣ:

6 тухм, 1,5 истакон шакар, 1 истакон орд, 4 қошуқ какао.

Малҳам:

800 грамм қаймоқ (сметана), 1 бонка ширқиём, ванилин.

Тарзи таҳия:

Сафедиҳои тухмро аз зардиҳояш ҷудо карда бо шакар то кафки ғафс карданаш лат занед. Зардиҳои тухмро яктогӣ андохта, лат заданро давом диҳед, баъдан орду какао андозед ва нағзакак омезиш диҳед. Хамирро дар қолаби тортпазӣ рехта пазед.

Барои малҳам қаймоқро бо ширқиём лат занед. Ванилин илова карданро фаромӯш насозед. Кулчаи пухтаро аз байнаш бурида, ба якеаш малҳам молед. Пораи дигарашро пора-пора бурида, ба малҳам тар кунед ва дар болои дигараш чинед. Аз болои торт шоколади обшуда резед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД