sebiston july new
Томографияи бепул ба беморон аз тарафи "Pamir Energy"
2118

Дар рӯзҳои душвор ба халқи Тоҷикистон, яъне хурӯҷи бемории COVID-19 соҳибкорони саховатпешаи миллат худро канора нагирифтанд. Онҳо дар ин рӯзҳои сахт софдилона дасти мардуми ниёзмандро гирифта истодаанд. Барои ин мисол шуда метавонад ширкатии барқии ВМКБ "Pamir Energy".

Дар паёмаки хабарии аз ҷониби ширкат омадааст: "Ширкати "Pamir Energy" ҷиҳати пешгирии COVID-19 танҳо аз 12-май то 22-май бидуни 17-май 250 нафар маризон аз оилаҳои ниёзмандро ба таври ройгон аз ҳисоби худ дар Маркази тиббии Оғохон дар ш. Хоруғ аз ташхиси компютерӣ-томографӣ мегузаронад. Барои тамос 03 03 03".

Дар баробари ширкати мазкур меҳмонхонаи "Зафар"-и шаҳри Хоруғ низ кӯмаки башардӯстонаи худро ба сокинони ВМКБ дареғ надошт. Соҳибкор Мабатшо Бахтибеков барои бистарӣ намудани беморон меҳмонхонаи худро ба ихтиёри Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ гузошт. Меҳмонхонаи "Зафар" дар наздикии беморхона ҷойгир шудааст.
Дар қатори ин родмардони миллат соҳибкори дигари ВМКБ низ кӯмаки саривақтии худро ба халқаш дареғ надошт. Соҳибкори муваффақ сокини деҳаи Рожи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Таваллобек Мазамбеков, ки ба мурғпарварӣ машғул аст, ба табибони ВМКБ кӯмаки худро дар шакли маводи хурока, аз қабили тухми маҳаллӣ расонд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба чунин фарзандони саховатхоҳи диёр изҳори сипосро баён менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД