Муш (2020, 2008, 1996, 1984, 1972, 1960, 1948, 1936)
Барои зодагони мучали муш соли нав бо эҳсоси субот оғоз мешавад, гӯё касе ниҳоят бесарусомонии нолозимро аз ҳаёташ дур кардааст. Ҳамаи корҳое, ки оғоз мекунед, бо осонӣ ва эътимод пеш хоҳанд рафт, гӯё худи фариштаҳо муваффақияти шуморо ҳимоят мекунанд. Ба наздикони худ диққати махсус додан лозим аст - ҳамдигарфаҳмӣ дар оила саодати зиндагии шумост. Агар нисбати наздикон бештар ғамхорӣ кунед, зиндагиятон ширу шакар мегардад.
Бақар (2021, 2009, 1997, 1985, 1973, 1961, 1949, 1937)
Соли 2025 барои зодагони мучали бақар соли пур аз эътимод ба худ хоҳад буд. Кори бо субот ва меҳнатдӯстиву ҳадафмандӣ кӯмак мекунанд, ки орзуҳои худро амалӣ намоед. Дар дунёи худ фурӯ наравед ва кинаро дар дил нигоҳ надоред. Беҳтараш ба фикру андешаҳои дигарон гӯш диҳед, фикрҳои нав метавонанд аз ҷои ғайричашмдошт пайдо шаванд. Чолокӣ дар муошират калиди муваффақиятҳои бузургтар хоҳад буд.
Паланг (2022, 2010, 1998, 1986, 1974, 1962, 1950, 1938)
Барои зодагони мучали паланг соли 2025 соли санҷишҳо мешавад, санҷишҳои хушоянд. Соли нав вақти фикрҳои амиқ, худтакмилдиҳӣ ва оромиши руҳу ҷон хоҳад буд. Дар касбу кор метавонед беҳтарин сифатҳои худро нишон диҳед, аммо аз ҳад зиёд чолокӣ нишон надиҳед. Агар ботаҳаммул ва табъатон болида бошад, тақдир ба шумо тӯҳфаҳои ғайричашмдошт медиҳад. Нафарони муҷаррад сахт ошиқ мешаванд.
Харгӯш (2023, 2011, 1999, 1987, 1975, 1963, 1951, 1939)
Барои зодагони мучали харгӯш соли 2025 пур аз бурдбориҳои беназир аст. Тақдир тамоми шароитҳоро бароятон мувофиқ месозад, то худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Аммо набояд комилан истироҳат кард, бояд фурсатҳои мусоидро барои беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ аз даст надиҳед. Ҷаззобият, дилёбӣ ва қобилияти табиии шумо дар муносибат бо одамон махсусан муҳим хоҳад буд. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред, вагарна сахт пушаймон мешавед.
Наҳанг (2024, 2012, 2000, 1988, 1976, 1964, 1952, 1940)
Зодагони мучали наҳанг бо эҳсоси он ки дар ҳаёташон бисёр чизҳо ба зудӣ тағйир меёбанд, ба соли нав ворид мешаванд. Ин тағйирот ҳам ба ҳаёти шахсӣ ва ҳам ба муваффақиятҳои молиявӣ рабт хоҳад дошт. Дар касбу кор субот ва даромади ғайричашмдошт табъатонро хушу зиндагиятонро ширин месозад. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо “сюрприз”-ҳои махсус интизоранд, ки тамоми солро бароятон фаромӯшнашаванда месозанд.
Мор (2025, 2013, 2001, 1989, 1977, 1965, 1953, 1941)
Барои зодагони мучали мор соли 2025 соли душвор, вале умедбахш хоҳад буд. Санҷишҳо имконияти аз нав дида баромадани афзалиятҳо ва ёфтани роҳҳои нави рушдро медиҳанд. Вақте расидааст, ки бояд дар бораи тағйири касб ё азхуд кардани малакаҳои нав фикр кунед. Бо чолокӣ ва эътимод ба худ, тамоми мушкилиҳоро паси сар хоҳед кард, вале дар баъзе ҳолатҳо ба ғурур ва якравӣ роҳ надиҳед. Бо зодагони мучали саг забон ёфтанатон душвор мегардад.
Асп (2026, 2014, 2002, 1990, 1978, 1966, 1954, 1942)
Зодагони мучали асп бояд ба соли дастовардҳо ва муваффақиятҳо, ки барояшон хеле хотирмон мешавад, омода бошанд. Ҷаззобият ва дилрабоии зотӣ барои дар касбу кор муваффақ шудан ва ба низом овардани ҳаёти шахсӣ кумак мекунад. Аммо фаромӯш накунед, ки дастовардҳои бузург кӯшишҳои зиёд ва масъулият талаб мекунанд. Агар дар ҳама кор мувозинатро риоя намоед, соли бениҳоят бобарор хоҳад буд.
Гӯсфанд (2027, 2015, 2003, 1991, 1979, 1967, 1955, 1943)
Барои зодагони мучали гӯсфанд соли субот фаро мерасад, хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Қобилиятҳои табиӣ ва зотии шумо барои мутобиқ шудан ба мушкилоти хурд кӯмак мерасонад. Муҳим аст, ки ҳадафҳои худро аз назар дур накунед ва ба худ боварӣ дошта бошед. Меҳнатдӯстии шумо калиди пешравиҳоятон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар нафари меҳнатдӯст ҳамеша подоши заҳматҳои худро мебинад.
Ҳамдуна (2028, 2016, 2004, 1992, 1980, 1968, 1956, 1944)
Барои зодагони мучали ҳамдуна соли 2025 соли тағйирот мешавад ва мисли ҳамеша, аз ин тағйирот бо муваффақият мебароед. Қобилияти шумо барои мутобиқ шудан ба ҳар гуна вазъият як бартарии калидӣ мегардад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки худбоварии зиёдатӣ ва майли дар ҳама кор раҳбарӣ кардан, метавонанд ба шумо зарар расонанд. Таҳаммул ва қобилияти гӯш кардан калиди муваффақияти шумо хоҳанд шуд.
Мурғ (2029, 2017, 2005, 1993, 1981, 1969, 1957, 1945)
Зодагони мучали мурғ дар ин сол байни муваффақиятҳо ва санҷишҳо дар ҳаракат хоҳанд буд, гӯё ки дар марзи борик қарор дошта бошанд. Вазъи молиявӣ босубот боқӣ мемонад, агар аз хароҷотҳои беандеша худдорӣ кунед. Ба муносибатҳо бо наздикон диққати махсус додан лозим аст, онҳо манбаи шодиятон хоҳанд шуд. Фаромӯш накунед, ки ҳатто як ҳарфи пурмуҳаббат метавонад рӯзгори шуморо пурнишот гардонад.
Саг (2030, 2018, 2006, 1994, 1982, 1970, 1958, 1946)
Зодагони мучали саг дар соли 2025 меҳнати сахт карданашон лозим меояд, ки дар натиҷа самараи худро меорад. Дар касбу кор шуморо муваффақиятҳои назаррас интизоранд, аммо барои ин кӯшиш кардан лозим аст. Дар ҳаёти шахсӣ бояд ба ҳамсар ё шарики худ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунед. Дар вазъиятҳои душвор бо амри дил рафтор кунед. Бо душворӣ ошиқ шавед ҳам, тамоми умр ба муҳаббати худ вафодор мемонед.
Хубон (2031, 2019, 2007, 1995, 1983, 1971, 1959, 1947)
Барои мучали хубон соли 2025 бо душвориву монеаҳояш мушкил меояд. Дар баробари ин, рӯйдодҳои зиёде рух дода, ҷиҳатҳои манфии солро сабук мекунанд. Дар кор, тиҷорат ва соҳаи касбӣ фаъол ва серҳаракат бошед. Сафарҳои корӣ муваффақият ва фоида меоранд. Дар масъалаҳои молиявӣ аз амалиётҳои хатарнок худдорӣ намоед, зеро аз даст додани маблағи калон эҳтимол дорад. Дар зиндагии шахсиятон навигарӣ рух медиҳад.