formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1665

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Рӯзи мусоидест барои мулоқотҳои муҳим. Одамоне, ки қаблан танҳо ба фикри худ такя мекарданд, имрӯз ба суханони шумо гӯш медиҳанд. Агар дуруст амал кунед, дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунед. Дар оила ҳодисаҳои хушоянд рух медиҳанд, муносибат бо наздикон беҳтар мегардад. Сафарҳо низ бобарор хоҳанд буд ва хотираҳои гуворо боқӣ мегузоранд. Ин рӯз барои ба бозору мағоза рафтан мувофиқ аст, пулатонро беҳуда сарф намекунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯзи беҳтарин барои корҳои мушкил ва заҳматталаб аст. Дар ҳама кор муваффақ мешавед. Дидори дӯстони дерин имконпазир аст ва баъзеҳо пешниҳодҳои ҷолибе хоҳанд гирифт. Бо онҳое, ки қаблан ба шумо маслиҳатҳои дуруст медоданд, мулоқот кардан фоидаовар хоҳад буд. Нимаи дуюми рӯз барои мулоқоти ошиқона муносиб аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз, новобаста ба он ки чӣ рӯй медиҳад, шумо оромӣ ва рӯҳияи хубро нигоҳ медоред. Ҳеҷ кас наметавонад шуморо асабӣ ё хашмгин созад. Маҳз ҳамин хислати шумо ба атрофиён маъқул хоҳад шуд. Одамоне, ки қаблан бо шумо хунсардона муносибат мекарданд, имрӯз ба сӯҳбат бо шумо ҳавасманд мешаванд. Муҳаббати ғайричашмдошт ва шиносоии романтикӣ низ аз эҳтимол дур нест. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед: хароҷоти ноҷо ва харидҳои нолозим имконпазиранд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи серташвиш аст, на танҳо мушкилоти худ, балки корҳои дигаронро низ ҳал кардан лозим аст. Шумо бояд чандин корро якбора анҷом диҳед, монеаҳои ҷиддӣ пеш нахоҳанд омад. Агар каме шитоб кунед, ҳама нақшаҳоятонро иҷро карда метавонед. Дӯстони дерин барои дастгирӣ омодаанд, аммо аз одамони нав эҳтиёт шавед, онҳо мушкил эҷод мекунанд. Харидории мебел ва техникаи маишӣ низ бобарор хоҳад буд.

Асад (23 июл-22 август)

Аввали рӯз бо атрофиёнатон муноқишаи хурде сар мезанад, ки ҳатто сабаби ҷиддие надорад. Аммо дар нимаи дуюм имкони истироҳати хуб фароҳам мешавад. Баъзе Асадҳо вақти худро дар доираи дӯстону наздикон бо шодмонӣ сипарӣ мекунанд. Шоми рӯз барои вохӯрии ошиқона низ мувофиқ аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар нақшаи муҳиме доред, беҳуда вақтро сарф накунед. Хусусан дар нимаи аввали рӯз, шумо бо ҷасорат ва навоварии худ муваффақият ба даст меоред. Имкони дарёфти маблағ аз манбаъҳои ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Дар нимаи аввали рӯз харидорӣ кардан хуб аст, аммо дар нимаи дуюм беҳтар аст аз хароҷоти нолозим худдорӣ намоед. Пеш аз бастани ҳар гуна аҳд, боварӣ ҳосил кунед, ки бо одамони боэътимод сарукор доред.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ба ҳисси ботинии худ бештар эътимод кунед. Он ба шумо нишон медиҳад, ки кадом корҳоро бояд пеш аз ҳама анҷом дод ва кадомҳоро ба таъхир гузошт. Маслиҳатҳои дигарон чандон муфид нахоҳанд буд. Ҳатто шахсоне, ки қаблан ба шумо кумак мекарданд, имрӯз метавонанд шуморо ба иштибоҳ андозанд.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Аз муноқиша ва баҳсҳо комилан худдорӣ кардан имконнопазир хоҳад буд. Барои баъзе Ақрабҳо ҳатто бо аъзои оила муомила осон намешавад. Аммо ба низоъҳои ҷиддӣ роҳ намедиҳед ва ба зудӣ ҳалли муносиб пайдо мекунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед. Дар муҳаббат бурд мекунед. Имрӯз барои ошиқон ва онҳое, ки мунтазири шиносоии нав буданд, рӯзи гуворо хоҳад буд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Бо ҷасорат нақшаҳои худро баён кунед: онҳо таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб мекунанд. Шахсони гуногун ба шумо кӯмак пешниҳод мекунанд, аммо на ҳама аз рӯи самимият. Пеш аз он ки аз касе мадад пурсед, беҳтар аст бидонед, ки ӯ дар иваз чӣ мехоҳад. Дар нимаи аввали рӯз ҳама чиз хуб мегузарад, аммо баъдтар ҳолати рӯҳии шумо метавонад тағйир ёбад. Қавсҳои ҳассос метавонанд ҳатто аз як сабаби ночиз нороҳат шаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Рӯзи мусоид барои омӯзиш, эҷодкорӣ ва таҷрибаҳои нав. Имрӯз диққати шумо ба ҷузъиёти хурд бештар аст, аз ин рӯ, хатогиҳои ҷиддӣ нахоҳед кард. Мулоқот бо шахсоне, ки манфиатҳои муштарак доранд, ба шумо маълумоти муфид медиҳад. Нисбати худ сахтгирӣ накунед. Зиёд кор кардан метавонад боиси хастагӣ ва бемадорӣ шавад. Аз ин рӯ, дар нимаи дуюми рӯз кори вазнинро ба таъхир гузоред.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои муошират рӯзи беҳтарин аст. Вохӯриҳо бо дӯстон ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими корӣ ё тиҷоратӣ бобарор хоҳанд буд. Ҳатто онҳое, ки қаблан ба шумо аҳамият намедоданд, метавонанд кӯмаки ғайричашмдошт пешниҳод кунанд. Рӯзи хубест барои истироҳат бо наздикон ва сафарҳои оилавӣ. Вохӯриҳои ошиқона низ ноумед намесозанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз корҳои зиёдеро бояд ҳал кунед. Бо вуҷуди мушкилиҳо, шумо иродаи қавӣ нишон медиҳед ва ҳамаи монеаҳоро паси сар мекунед. Баъзеҳо ҳатто ба дигарон дар ҳалли мушкилот кӯмак мерасонанд. Бахту барор ҳамсафари шумост, пас имрӯз аз имкониятҳои худ бештар истифода баред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД