Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2024
1834

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Беҳтар мебуд, ки дар ин рӯз бо кори ақлонӣ машғул шавед, на бо кори ҷисмонӣ. Ҳам фоидаи зиёд ба даст меореду ҳам табъатон болида мегардад. Нофаҳмии байни наздиконатон мавҷудбуда рафъ мегардад, аз ин рӯ, ҷасурона метавонед сафару харидҳоро ба нақша гиред. Баъди нисфирӯзӣ хастагиву руҳафтодагӣ ёратон мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Агар имкон дошта бошед, имрӯзро дар хона гузаронед. Рӯзи душвору хатарнок аст. Таъсири манфии нафарони бегона ба зиндагии шахсиятон ё хабари нохуш эҳтимол дорад. Дар айни гармии рӯз ба берун баромаданро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ ташвиши рӯзгор зиёд мешавад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бо наздиконатон муноқишаҳои ночиз имкон доранд. Дар ҳодисаҳои рухдода худро гунаҳкор насозед. Дар масъалаҳои молиявӣ гузашт карданатон хуб аст, вале дар масъалаи саломатӣ хеле боэҳтиёт бошед. Барои харидкунӣ рӯзи бобарор аст. Сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯё шавед, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷуед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба хӯроки истеъмолмекардаи худ бодиққат бошед, хусусан агар бемориҳои музмини меъда дошта бошед. Пешравии корҳоятон боиси беҳтар гаштани вазъи молиявӣ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат барои аз даст надодани шахси дӯстдоштаатон мубориза бурданатон лозим меояд.

Асад (23 июл-23 август)

Бадбиниву нафрати бадхоҳатон боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Бо ҳар нафаре, ки дар робита мегардед, бодиққат бошед, ба нафароне, ки боварӣ надоред ба худ наздик насозед ва ба шиносҳои наватон бовар накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Таъсири манфии нафарони бегона ба корҳоятон ё шунидани хабари нохуш имкон дорад. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо, харидани чипта ва вохӯрӣ бо нафарони нав рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтан мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозед. Ҳамаи мушкилатонро бо кӯмаки дӯстони наздик рафъ карда метавонед. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Агар имкони шиносшавиро аз даст надиҳед, оилаи мустаҳкам месозед. Тамоми мушкилатонро нимаи аввали рӯз рафъ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар вазъиятҳое, ки хушмуомила буданатон лозим аст, набояд якравӣ зоҳир намоед. Агар дар ин рӯз аз бастани шартномаи муфид рӯ гардонед, дар оянда сахт пушаймон мегардед. Баъди нисфирӯзӣ пасту баландшавии фишори хун ва шамол хӯрданатон имкон дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз барои рафъ намудани мушкилиҳои сарзада қувваву вақти зиёдеро сарф мекунед. Муҳимаш дар ин лаҳзаҳо аз нафароне дастгирӣ бинед, ки шуморо кайҳо боз медонанд. Баъзеҳо қарзҳои деринаи худро бармегардонанд. Агар нияти харидкуниро дошта бошед, шуморо муваффақият интизор аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҳангоми сафар кардану ба роҳи дур баромадан боэҳтиёт бошед. Ҳангоми гуфтор бо ҳарфи ноҷо дили касеро наранҷонед. Хароҷоти беҳуда ё гум кардани пул имконпазир аст. Ба нафаре, ки хиррагӣ карда, ба гӯшатон қиссаи ишқу муҳаббат мехонад, бовар накунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар буҷаи худро барои як моҳ тартиб диҳед, аз буҳрони иқтисодӣ азият намекашед. Нафарони муҷаррад нафареро пайдо месозанд, ки аз суҳбат бо ӯ ҳаловат мебардоранд. Агар шумо кайҳо боз дар ҷустуҷуйи чунин нафар будед, барои аз даст надодани ӯ тамоми кӯшишу ғайратро ба кор баред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, фоидаи зиёд ба даст меоред. Ҳамдигарфаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиис хушнудӣ ва табъи болида мегардад. Хатари асабонӣ шудану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Дӯстони наве пайдо мекунед, ки аз робита бо эшон бурд мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД