Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз баъзе рафторҳои шумо метавонанд барои шарикатон ғайриоддӣ намоянд. Кӯшиш кунед бо сабр ва оромӣ муносибат кунед. Хастагии рӯзҳои гузашта метавонад ба саломатӣ таъсир расонад. Эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, аммо онро ба осонӣ ҳал кардан мумкин аст. Дар касбу кор диққатнокиро гум накунед. Шумо қобилият доред, вале барои пешрафт бояд худро такмил диҳед. Бегоҳ ҳангоми роҳгардӣ ё рондани мошин боэҳтиёт бошед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дӯстӣ метавонад ба муҳаббат табдил ёбад, вале шитоб кардан лозим нест. Наздиконатон ба дастгирии шумо ниёз доранд, барои онҳо вақт ҷудо кунед. Ҳоло вақти ҷамъ кардани нерӯ аст, зеро имкониятҳои хуб дар пешанд. Ба зудӣ барор ба шумо рӯ меорад. Аз стресс дурӣ ҷӯед, он метавонад ба саломатӣ, махсусан ба меъда, таъсири манфӣ расонад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Муносибатҳои ошиқона каме якранг шудаанд, бинобар ин вақти тағйир додани вазъ расидааст. Шояд ба меҳмонӣ даъват шавед, аммо на ҳама аз омадани шумо хурсанд мешаванд. Беҳтараш корҳои муҳимро ба вақти дигар гузаронед. Тағйири муҳит ба шумо илҳом мебахшад. Шумо метавонед қарорҳои ҷолиб ва ғайриодӣ қабул кунед. Имрӯз рӯҳияатон боло меравад ва эҳсосот нав мешаванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз метавонед баъзе масъулиятҳоро ба шарикатон бовар кунед, ин ба муносибатҳои ошиқонаатон фоида меорад. Ба корҳои ҷамъшуда диққат диҳед. Аз ҷанҷол ва нофаҳмиҳо худдорӣ намоед. Барои сафар ва омӯзиш рӯзи хуб аст. Дар касбу кор натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Танҳо қувваи худро дуруст тақсим кунед, то аз ҳад зиёд хаста нашавед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дар муносибатҳо нофаҳмӣ пайдо шуданаш мумкин аст, бинобар ин эҳтиёт кунед, ки сухани зиёдатӣ нагӯед. Эҳтимол баъзе овозаҳо ба гӯшатон мерасанд. Дар ҷои кор кӯшиш кунед самараноктар амал кунед. Вазъи молиявӣ устувор нест, аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Ба саломатӣ диққат диҳед, махсусан ба ғизои худ.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз вақти хубест, ки ба худ ва шавқу ҳавасҳоятон диққат диҳед. Ин ба шумо боварӣ мебахшад. Бо дӯстон вақти бештар гузаронед, ин рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Дар ҷои кор заҳмататон қадр мешавад ва имкони пешрафт пайдо мешавад. Вазъи молиявӣ хуб аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, эҳтимоли аллергия вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз беҳтараш бо шахси наздикатон ошкоро суҳбат кунед. Нофаҳмиҳоро дар дил нигоҳ надоред. Кӯшиш кунед баҳсро ба ҷанҷол нарасонед. Бо шиносҳои нав эҳтиёткор бошед. Имкони баргардонидани пул вуҷуд дорад, аммо сарф карданро ба таъхир гузоред. Агар худро каме ғамгин ҳис кунед, машқҳои оромкунанда кумак мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо пур аз илҳом мешавед. Метавонед барои шахси дӯстдоштаатон як сюрпризи ҷолиб омода кунед. Барои барқарор кардани робитаҳои кӯҳна рӯзи мусоид аст. Дар ҷои кор шуморо қадр мекунанд ва эҳтимол мукофот гиред. Бо наздикон бештар муошират кунед. Барои саломатӣ оғоз кардани машқ ё варзиш фоида меорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз мехоҳед чизҳои навро таҷриба кунед. Бо дӯстдоштаатон вақтро шавқовар гузаронед. Субҳ эҳтимоли нофаҳмӣ бо наздикон вуҷуд дорад, вале бегоҳ вазъ ором мешавад. Дар ҷои кор сиррҳои худро ба дигарон нагӯед. Эҳтимоли баҳси молиявӣ бо дӯстон дар назар аст. Истироҳат, варзиш ё сауна ба саломатиятон фоида мерасонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз рӯз серҳаракат мегузарад. Мушкилоти хурд метавонанд рӯҳияатонро каме паст кунанд, вале сабаби ҷиддӣ барои ташвиш нест. Пеш аз ҳар қадам хуб фикр кунед, то иштибоҳ накунед. Аз ҳамкорони ботаҷриба маслиҳат гиред. Имкони дарёфти маблағи хурд ё туҳфа вуҷуд дорад. Аз стресс ва кори вазнин дурӣ ҷӯед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз барои ошиқон рӯзи хуб аст. Агар танҳо бошед, каме фаъол бошед, то диққати шахси дилхоҳро ҷалб намоед. Ба наздикон диққати бештар диҳед. Дар касбу кор заҳмататон қадр мешавад. Бо пул эҳтиёткор бошед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва реҷаи рӯзро нигоҳ доред.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимол аз баъзе рафтори худ пушаймон шавед, бинобар ин шитоб накунед. Барои шиносоии нав вақти муносиб аст. Дар муносибатҳои оилавӣ оромӣ ҳукмфармост. Дар касбу кор кӯшиш кунед корҳои нопурраро анҷом диҳед. Ба эҳсосоти манфӣ роҳ надиҳед. Аз қарз гирифтан ё қарз додан худдорӣ намуда, бештар истироҳат кунед.