Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз рӯзи хуб ва пур аз шодиву сюрпризҳо хоҳад буд. Муносибатҳои шумо бо наздикон боз ҳам беҳтар мешаванд. Хариди хурде шуморо шод мекунад. Эҳтиёт бошед, аз ҳад зиёд худро хаста накунед. Бонувон имкони гирифтани туҳфаи арзишмандро доранд. Мардҳоро хароҷоти калон интизор аст. Эҳтимол нафаре аз шумо дар ин рӯз меранҷад.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи мусоид барои истироҳат ва лаззат бурдан аз лаҳзаҳои хуш. Агар сюрприз омода карда бошед, натиҷааш шуморо хурсанд хоҳад кард. Бо пул эҳтиёткор бошед, хароҷоти нолозим накунед. Барои беҳбудии ҳолати рӯҳӣ каме вақтро дар танҳоӣ гузаронед. Як ишораи меҳру муҳаббат аз шахси дӯстдошта шуморо хеле хушбахт хоҳад кард.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Эҳсосоти гарму самимӣ фазои имрӯзро пур мекунад. Агар касе шуморо шод карданӣ бошад, бигзор ин эҳсосоти нек шуморо фаро гирад. Туҳфаи ғайричашмдошт ё даромади пулии ногаҳонӣ имкон дорад. Ба истироҳат ва ҳавои тоза бештар диққат диҳед. Имрӯз суханони ширине мешунавед, ки қалби шуморо гарм мекунад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи олӣ барои хушбахтӣ ва муҳаббат. Бо наздикон вақт гузаронед, муҳаббати худро нишон диҳед. Агар харҷ кардан хоҳед, беҳтараш ба эҳтиёҷоти шахсӣ равона созед. Нафароне, ки туҳфа харидан мехоҳанд, бояд ашё ё асбоби даркориро интихоб кунанд. Каме истироҳат кунед, асабҳои худро ором нигоҳ доред. Шахси дӯстдошта шуморо бо меҳрубонии худ шод хоҳад кард.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз тамоми диққати атрофиён ба шумо равона мешавад. Агар нақшаи махсусе дошта бошед, акнун вақти татбиқи он фаро расидааст. Имкони гирифтани маблағи иловагӣ вуҷуд дорад. Каме сабук кардани реҷаи рӯз ба шумо фоида хоҳад расонд. Муносибати ошиқона гуворост, эҳтимоли гирифтани як тӯҳфаи хотирмон вуҷуд дорад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ин рӯз шумо диққат ва эҳтироми зиёдро эҳсос мекунед. Туҳфа ё суханони гуворое аз шахси наздик шуморо хеле хурсанд хоҳад кард. Беҳтар аст, ки имрӯз аз қарз додану қарз гирифтан худдорӣ кунед. Саломатӣ: Ба ғизои худ диққат диҳед, хусусан агар зиёфате пешбинӣ шудааст. Имкони шиносоии ҷолиб ё тақвияти муносибатҳои мавҷуда вуҷуд дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯзи сабук ва пур аз хушҳолӣ пешбинӣ мешавад. Эҳтимол аст, ки касе шуморо бо як сюрприз шод кунад. Даромади иловагӣ ё туҳфаи пулие мумкин аст. Ба ҳаракату варзиш вақт ҷудо кунед. Вохӯрии ошиқона ё хабари хуше, ки қалби шуморо гарм мекунад, эҳтимол дорад. Барои аз зуком халос шудан, масуниятро мустаҳкам кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Энергияи зиёд ва рӯҳияи хуб ба шумо имкон медиҳанд, ки рӯзи 8 мартро бо шодмонӣ гузаронед. Агар маблағ сарфа кунед, онро барои чизи арзишманд истифода баред. Худро аз стресс дур нигоҳ доред ва ба истироҳати хуб аҳамият диҳед. Муносибатҳо гарму самимӣ хоҳанд буд, имкон дорад, ки муҳаббати шумо боз ҳам мустаҳкам гардад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз шодӣ ва муҳаббат аст. Вақтро бо одамони дӯстдошта гузаронед. Хароҷоти ногаҳонӣ мумкин аст, аммо он шуморо хушбахт мекунад. Имрӯз ба худ бештар ғамхорӣ кунед ва аз ҳад зиёд худро хаста насозед. Агар касеро дӯст медоред, имрӯз вақти муносиб барои баён кардани эҳсосоти шумост.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзи гуворо ва пур аз рӯйдод пешбинӣ мешавад. Ниҳоят эҳсос мекунед, ки шуморо қадр мекунанд. Даромадҳои пулии пешбининашуда ё пешниҳоди хуби молиявӣ мумкин аст. Ба ҳолати рӯҳии худ бештар аҳамият диҳед. Шахси наздик шуморо бо суханон ва меҳру муҳаббат хурсанд хоҳад кард.
Далв (20 январ-18 феврал)
Эҳсоси шодмонӣ ва хушбахтӣ рӯзатонро равшан хоҳад кард. Имрӯз барои истироҳат ва лаззат бурдан аз муҳити гуворо вақти беҳтарин аст. Имкони гирифтани тӯҳфа ё пул вуҷуд дорад. Каме варзиш ё сайругашт ҳолати шуморо беҳтар мекунад, хобатон ҳам хуб мешавад. Имкони пайдо намудани бахти худро доред, ошиқ мешавед ё шиносоии ҷолиб рух медиҳад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи пур аз меҳрубонӣ ва эҳтиром барои шумо аст. Наздикон ва дӯстдорон шуморо бо муносибати гарму самимии худ шод хоҳанд кард. Хариди зебо ва гуворо имкон дорад. Имрӯз бештар хоб ва истироҳат кунед. Муносибати ошиқонаи шумо бештар амиқ мешавад ё шояд ишқи наве дар зиндагиятон пайдо гардад. Аз ин рӯ, дар ягон ҳолат руҳафтода нашавед.