arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
1948

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи мувофиқ барои мулоқотҳои ошиқона ва шиносоӣ аст. Агар дӯстдошта дошта бошед, шомро бо романтика гузаронед. Ҳар қадар меҳрубонӣ бештар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Имрӯз шумо метавонед махсусан ҷозибанок ва андаке сирромез бошед, ки ин шуморо боз ҳам ҷолибтар мекунад. Шояд касе шуморо бо сюрприз шод гардонад. Дар ин рӯз рӯйдоде рух медиҳад, ки боиси фикри худро дар бораи шахс ё ҳодисае тағйир доданатон мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи хубест барои вохӯриҳо бо дӯстон, ҳатто метавонед худатон ташаббус нишон диҳед. Шояд касе ба толори варзиш ё ҷои дигаре, ки одамони ҳамфикр ҷамъ мешаванд, равад. Ҳамчунин хуб аст, ки бо оила ё шарикон ба ҷое равед, масалан, ба маркази фароғатӣ, қаҳвахона ё ба лижаронӣ. Ба дӯстдоштаи худ аз ҳад зиёд фишор наоред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ин рӯз бештар барои кор мувофиқ аст, на барои истироҳат. Баъзе Ҷавзоҳо маҳз ҳамин корро мекунанд. Хуб мешуд, ки 7-уми январро фаъол гузаронед. Масалан, ба фитнес равед, яхмолакбозӣ кунед, сайругашт кунед ё хонаатонро тоза кунед. Рӯзи судманд барои эҷодкорӣ аст. Бо наздикон натиҷаи кори худатонро нишон диҳед. Ба касе сири дилатонро накушоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи мувофиқ барои сафар, орзу кардан ё тамошои барномаҳо ва нақшабандӣ. Ба шумо таассуроти нав лозим мешавад, беҳтар аст, дар хона нашинед, ба ҷое равед, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, масалан, кинотеатр ё ягон намоиш. Ҳаёти шахсӣ хушҳол мекунад, шояд бо шахси ҷолибе шинос шавед. Ба нафаре, ки ба тозагӣ ба ҳаёти шумо ворид мешавад, тамоми зиндагиномаи худро нақл накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар рӯзи 7-уми январ дар ҳаёти Асад воқеаҳои ҷолиб рӯй медиҳанд. Барои баъзеи онҳо ин романтика хоҳад буд, барои дигарон – ташрифи хешовандон. Баъзеҳо дар хаёлоти худ ғӯта мезананд, дигарон эҷодкорӣ мекунанд. Вақти хуб барои муошират бо оила ва фарзандон аст. Шояд имрӯз хабареро фаҳмед, ки то ҳол аз шумо пинҳон буд. Худро ба даст гиред, дар сари қаҳр касеро наранҷонед. Фаромӯш насозед, ки наздикон ҳамеша такягоҳи шумоянд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Муносибатҳои ошиқона шуморо хушҳол мекунанд. Ҳам дар касбу кор ва ҳам ҳаёти шахсӣ бурд мекунед. Танҳо андаке мулоим бошед. Муносибати самимӣ бо дигарон ба муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад. Дар муносибатҳои шахсӣ ба романтика диққат диҳед. Нафарони эҷодкор метавонанд истироҳат кунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо бояд ба корҳои хона машғул шаванд. Хуб мешуд, ки ба ин раванд андаке эҷодкорӣ илова кунед. Масалан, дастархон, рӯйпӯш ё зарфҳои ҷолиб харидорӣ намоед. Ҳамчунин рӯз барои фаъолиятҳои ҷисмонӣ, мисли йога, шиноварӣ ё сайругашт мувофиқ аст. Дар ҳавои сард бо либоси тунук гаштанро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

7-уми январ барои зодагони мучали Ақраб рӯзи романтика аст. Агар шумо шахси озод бошед, дар хона нашинед, ба ҷойҳое равед, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд: қаҳвахона, кинотеатр ва ғайра. Шансҳо барои шиносоии ҷолиб зиёданд. Агар ба мулоқот даъват кунанд, бе дудилагӣ қабул кунед. Муоширати самимӣ рӯҳбаланд мекунад. Барои оиладорҳо беҳтар аст, ки бо ҳамсафари ҳаётӣ якҷоя истироҳат кунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар хона ё байни наздикон худро беҳтар эҳсос мекунед. Мизи оилавӣ ё тамошои филми ҷолиб ташкил кунед. Баъзе Қавсҳо дар хона мулоқоти ошиқона ташкил мекунанд ё шахси дӯстдоштаашонро бо хешовандон шинос мекунанд. Cаломатӣ ташвиш намедиҳад, вале аз ҳузури нафароне, ки аз зуком азият мекашанд, худро канор гиред. Хӯроки серғизо ва серҳаракатӣ масунияти шуморо мустаҳкам месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

7-уми январ рӯзи пурмуошират аст, вале бештар бо дӯстон ва хешовандон дар робита буданатон лозим меояд. Ба шумо муоширати самимӣ лозим мешавад, ки дар бораи мушкилоти худ ҳарф занед ё хабарҳои онҳоро шунавед. Рӯзи мувофиқ барои шахсони эҷодкор, махсусан онҳое, ки бо навиштани шеър ё наср машғуланд. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, бароибари худро нотоб ҳис кардан дарҳол ба духтур муроҷиат кунед, ба худтабобаткунӣ машғул нашавед, вагарна ҳам пулу ҳам вақти пурқимати худро аз даст медиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ин рӯзи беҳтарин барои харид нест, зеро чизҳои харидаатон метавонанд ба зудӣ маъқул нашаванд. Вақти хуб барои рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба ошхонаву тарабхона аст, бо наздикон бештар вақт гузаронида, хӯрокҳои лазиз истеъмол кунед. Метавонед дар хона моҳӣ, майгу ё калмар пухта, бо аҳли байт дилхушӣ кунед. Ба баргардонидани пул дар мағоза диққат диҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз шояд касе ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Инро рад накунед, он рӯҳбаландии шуморо зиёд мекунад. Баъзе Ҳутҳо метавонанд нисбатан серталаб шаванд ва таваҷҷӯҳи зиёдро талаб кунанд, ки эҳтимолан онро ба даст меоранд. Рӯзи хуб барои тағйироти зоҳирӣ аст. Барои нафароне, ки бо кори ҷисмонӣ машғуланд рӯзи серташвиш аст. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ сари вақт ба духтур муроҷиат карданро фаромӯш накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД