Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳтимол муносибати шумо бо шахси дӯстдошта каме сард гардад, зеро ҳарду ба ҳамдигар камтар диққат медиҳед. Беҳтараш ин рӯзро барои тарҳрезии нақшаҳои наздик истифода баред. Ба корҳои барои худатон писанд бартарӣ диҳед. Ба садои қалб такя накунед, он чандон дуруст роҳнамоӣ намекунад. Агар нияти харидани хона ё мошин дошта бошед, вақташ расидааст. Ронандагон бояд дар роҳ хеле эҳтиёткор бошанд.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз нерӯи худро сарфа кунед. Рӯз барои эҷодкорӣ ва мулоқоти ошиқона мувофиқ аст. Ҳолати хуби рӯҳӣ шуморо ҳамсуҳбати ҷолиб мегардонад. Ба шахси дӯстдошта диққат диҳед, зеро беэътиноӣ метавонад ҳасад ё нобоварӣ ба вуҷуд орад. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед: хароҷотро тавре тарҳрезӣ кунед, ки аз даромад зиёд нашавад. Агар вазни худро кам кардан хоҳед, варзиш кунед ва ғизоро бо меъёр истеъмол намоед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз барои ишқ, мулоқот ва рафтан ба театр ё кино рӯзи хуб аст. Шумо метавонед касеро бо рафтори хушатон мафтун созед. Ба корҳои хона низ диққат диҳед, наздикон бо хушнудӣ ёрӣ мерасонанд. Эҳсосоти зиёдатӣ метавонад шуморо аз мушкилоти худ дур кунад. Дар тиҷорат имкони муваффақият зиёд аст. Аммо аз кори зиёд хаста шудан мумкин, бинобар ин каме истироҳат кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз метавонед барои худ либоси нав ё чизҳои лозимаро харед, зеро пешорӯи шумо мулоқотҳо ҳастанд. Эҳтимол баъзе наздикон шуморо дуруст нафаҳманд. Аз пушти шумо эҳтимол баъзе гапу гапчаҳо пайдо шаванд, бинобар ин дар гуфтору рафтор бодиққат бошед. Агар аз корҳои якранг хаста шуда бошед, барои худ каме фароғат ташкил кунед. Аз ҳад зиёд кор кардан ба саломатӣ таъсир мерасонад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз хотираҳои ошиқонаи гузашта ба ёдатон меоянд. Ин ҳолати романтикӣ метавонад шуморо аз фишору хастагӣ раҳо кунад. Дӯстони қадимӣ метавонанд аз худ дарак диҳанд, агар имкон бошад бо онҳо мулоқот кунед. Дар кор ба ҳуҷҷатҳо ва корҳои муҳим диққат диҳед. Ба баҳсҳои дастаҷамъӣ ҳамроҳ нашавед, кори худро софдилона иҷро кунед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед ва ба дӯстҳо қарз надиҳед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз ба суханони танқидии шахси наздик гӯш диҳед, зеро онҳо метавонанд ба беҳтар шуданатон кумак кунанд. Ақлу заковати шумо имрӯз хеле фаъол мешавад, барои суханронӣ ё мулоқотҳо рӯзи хуб аст. Аз хариди либос худдорӣ кунед, мумкин баъдтар пушаймон шавед. Ҳангоми истифодаи ашёи нӯгтез эҳтиёт бошед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз беҳтараш аз саргузаштҳои ошиқона дурӣ ҷӯед, зеро онҳо метавонанд мушкил ба вуҷуд оранд. Баҳси масъалаҳои муҳим бо наздикон метавонад ба ҷанҷол табдил ёбад, бинобар ин оромӣ нигоҳ доред. Имкони ҳал кардани мушкилоте, ки дер боз шуморо нигарон мекарданд, пайдо мешавад. Агар лозим бошад, аз дӯстону ҳамкорон маслиҳат пурсед. Барои саломатӣ машқи ҷисмонӣ ва шиноварӣ муфид хоҳад буд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз дар муносибатҳои шумо гармӣ ва меҳрубонӣ бештар эҳсос мешавад. Ба эҳсосоти худ озодӣ диҳед ва нисбати шарикатон меҳрубон бошед. Эҳтимоли кӯчидан ба ҷои нав низ вуҷуд дорад. Дар касбу кор фикрҳои нав пешниҳод кунед, роҳбарон инро қадр мекунанд. Баъзеҳо шояд ба кори иловагӣ ниёз пайдо кунанд. Ба саломатӣ диққат диҳед ва ба хешовандон, махсусан ба аъзои хурдтари оила, вақти бештар ҷудо кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Агар чанде пеш аз шахси дӯстдошта ҷудо шуда бошед, ин ҳолатро ҳамчун таҷрибаи зиндагӣ қабул кунед. Корҳои хона ва мушкилоти рӯзгор метавонад шуморо хаста кунад, аммо баъди чанд рӯз вазъият беҳтар мешавад. Дар касбу кор эҳтимол роҳбар шуморо барои суҳбат даъват кунад, вале метавонед худро хуб нишон диҳед. Сафарҳо ва харидҳо дар пешанд. Барои саломатӣ ғизои сабук интихоб кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Агар эҳсос кунед, ки дар муносибати ошиқонаатон гармии пештара нест, маҷбур накунед, ки ҳама чиз зуд тағйир ёбад. Баъзе монеаҳо ҳатто метавонанд ба фоидаи шумо бошанд. Боварӣ ба худ зиёд мешавад ва ин ба вазъи молиявӣ ҳам таъсири хуб мерасонад. Имрӯз барои тарҳрезии корҳои ҳафтаи оянда вақти хуб аст. Аз хароҷоти калон худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли талафи пул вуҷуд дорад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Ба наздикӣ бо шахсе шинос мешавед, ки дар назди ӯ худро озод ва роҳат эҳсос мекунед. Агар нияти муроҷиат ба идораҳои давлатӣ ё тартиб додани ҳуҷҷат дошта бошед, беҳтараш онро ба рӯзи дигар гузаронед. Имрӯз мумкин аст вақти зиёдро дар навбатҳо аз даст диҳед. Каме кори ҷисмонӣ кунед, он ба шумо қувва мебахшад. Сайругашт дар табиат рӯҳияро беҳтар мекунад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шиносоии нав ва мулоқоти ошиқона имкон дорад, вале шитоб накунед. Ба эҳсосот пурра таслим шудан лозим нест. Шояд харидҳои ногаҳонӣ пеш оянд, масалан барои нав кардани хона ё либос. Рӯз босуръат мегузарад, аммо шумо аз мушкилот намеҳаросед. Имкони барори молиявӣ низ ҳаст, вале пулро боандеша сарф кунед. Аз шириниҳо ва хӯрокҳои хамирӣ зиёд истифода набаред.