sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3413

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нисбати наздикони худ ғамхории бештар зоҳир намоед. Барои хариди калон, таъмири хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати дӯстдоштаатон бепарво набошед, вагарна ин амалатон бахшида намешавад. Хабаре мешунавед, ки рӯҳатонро болида месозад. Шумо ба истироҳат ниёз доред.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дастатон ба ягон кор намечаспад. Ба ҷои он ки рӯзро бо бекориву танбалӣ мегузаронед, камбудиҳои дар оилаатон сарзадаро рафъ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам ашки шодӣ мерезеду ҳам ноумед мешавед. Бо нафаре вомехӯред, ки дар зиндагиятон мавқеи зиёдро ишғол мекунад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз зиндагии орому осоиштаро ба сар баред. Хатари ҷароҳат бардоштанатон то бегоҳ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои молиявиро дӯсти наздикатон рафъ месозад, дар танҳоӣ амал накунед. Дар ҳаёти шахсӣ оромиву суботро пеша намуда, гузашт карданро омӯзед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз вазъиятро тезутунд насозед, балки сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар масъалаҳои пулӣ ҳисобу китоби дақиқ лозим аст, вале дар муносибатҳои ошиқона ошкору самимӣ бошед. Фаъолнокии аз ҳад зиёд ҳам дар рӯзгор ва ҳам ҳангоми ҳаракат дар роҳ бар зарари шумо буда метавонад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба барор гирифтани коратон умед набандед, вагарна бисёр чизҳоро аз даст медиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ таваккал накунед. Ба шахсони аз худатон калон ва ботаҷриба эҳтиром гузоред. Бонувон бояд муҳаббати худро пинҳон кунанд. Маслиҳати дӯстону наздикон бароятон муҳим мешавад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз бо нафаре вомехӯред, ки барои рафъи мушкилиҳоятон кӯмак мекунад. Бо сабаби зиёд шудани мушкилиҳои рӯзгор бо наздикон муноқиша мекунед. Тамоми душвориҳои сарзадаро бо амри дил рафъ намоед, вагарна умре зери таъсири дигарон мегардед. Баъди нисфирӯзӣ барои саломатиятон хатарнок аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Тамоми нерӯи худро ба мушкилиҳои оилавӣ равона сохта, нофаҳмиҳои зиёдеро рафъ карданатон лозим аст. Агар пулҳои худро босуръат сарф кардан гиред, вазъи молиявиатон нохуб мегардад. Беҳтараш диққати худро ба вазъи саломатӣ равона сохта, аз сафарҳои роҳи дур ва корҳои вазнин худдорӣ намоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз тасодуфан бо шахсе шинос мешавед, ки сабабгори куллан тағйир ёфтани зиндагӣ ва одатҳоятон мегардад. Боз як манбаи нави даромад пайдо мекунед, вале пулро сарфа кунед. Дар роҳ ҳангоми мошин рондан ва аз роҳ гузаштан хеле боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли садама ва ҷаримабандӣ вуҷуд дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи беташвиш аст, ба шарте ки худатон монеаҳоро пайдо накунед. Нисбати нафароне, ки аз шумо кӯмаки молиявӣ мехоҳанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо сабаби он ки бо кори зиёд машғул шуда, барои оила вақти кофӣ ҷудо намекунед, нофаҳмиву ташвишатон дар оила зиёд мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки корҳои муҳими худро фаромӯш мекунед. Бар замми ин, ҳодисае рух медиҳад, ки нақшаҳои худро тағйир доданатон лозим меояд. Аз нафароне, ки хуб намешиносед ё ба наздикӣ шинос шудаед, худро дур гиред. Рашк сабаби нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ҳодисаҳоеро, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, нағзакак таҳлил намоед, то баъдан атрофиёнро гунаҳкор накунед. Ҳавои баҳорӣ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир мерасонад, вале ба саросемагӣ роҳ дода, фикри оиладор шуданро накунед. Аз робита бо шахсони нодаркор худдорӣ намоед. Фиребу хиёнат имкон дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар назди худ мақсадҳои дастнорас нагузоред, вагарна дучори монеаву душвориҳо мегардед. Муноқишаҳои доимӣ бо наздикон садди роҳи пешравиҳоятон мегарданд, аз ин рӯ, ҳамагуна нофаҳмиҳоро оромона ва бе садои баланд рафъ намоед. Аз ҷойҳои серодам худро дур гирифта, саломатиро эҳтиёт кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД