Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бештари вақти худро ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла, навиштани хотирот, ҳисобу китоб ва ғайра сарф мекунед. Ҳамсаратон мехоҳад, ки ба шумо сюрприз кунад, аммо шумо нақшаҳои ӯро барбод медиҳед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед ва аз ғизоҳои хамирӣ худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз шумо бояд ба маслиҳати шахсони наздики худ гӯш андозед, ҳарчанд он маслиҳатҳо ба шумо лозим нестанд ё аз рӯйи онҳо кор кардан намехоҳед. Атрофиён дар бораи шумо чӣ мегӯянд, инро низ ба назар бигиред ва худро ислоҳ кунед. Агар аз шумо кӯмак пурсанд, ба қадри имкон ёрӣ диҳед ва рад накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бидуни тарс ва оқибатҳои ҷиддӣ ба худ бовар карда, хатари муайянеро паси сар кунед. Ҳадафи асосии имрӯзаи шумо бояд ғамхорӣ ба оила ва роҳат дар хонадон бошад. Рӯз барои дидани дӯстон ва суҳбат сари як пиёла чой беҳад мувофиқ аст. Хоидани сақич кори майнаи сарро метезонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Пеш аз оғози кор хуб фикр кунед ё аз наздикони худ маслиҳат пурсед, зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Дар масъалаҳои корӣ ба маслиҳати ҳамкорон такя карда метавонед. Аз пеши худ ба коре даст назанед ва тани танҳо кореро оғоз накунед. Вақте бо дигарон кор мекунед, эҳтиёткор бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Барои кор бо иттилоот рӯзи хуб аст. Бо маслиҳатҳои муфид ва суханҳои дилгармкунанда наздикони худро ҳавасманд кунед. Агар нақшаи кории тартибдодаатон вайрон шавад, беҳуда худро асабӣ накунед. Замоне фаро расидааст, ки манбаъҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ҳатто дар бадтарин ҳолат худро ба даст гирифтаву ором бошед. Ба корҳои роҳбарият ё дигар ҳамкорон дахолат накунед. Онҳо аз шумо беҳтар медонанд, ки бояд чӣ кор кунанд. Ҳаётатон аз пештара рангинтару равшантар мешавад ва ҷилои чашмони ҳамсаратон беҳтарин ҷоиза барои шумо хоҳад буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз аз ғайбат кардан худдорӣ кунед, хусусан, дар ҳузури ҳамкорон. Бетарафиро ихтиёр карда, ба корҳои худ андармон шавед. Гапатон бо роҳбаратон мегурезад ва эҳтимоли иваз кардани ҷои коратон вуҷуд дорад. Даромади иловагӣ дар назар аст. Як қисми онро барои рӯзи мабодо пасандоз кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кор кардан хуб аст, аммо беаҳамиятӣ нисбат ба оила хуб нест. Дар баробари корҳоятон барои оилаи худ низ вақт ҷудо кунед, зеро онҳо ба шумо дар ҳақиқат эҳтиёҷ доранд. Дар бораи мушкилиҳояшон пурсон шавед, зеро онҳо аз шарм ба шумо чизе гуфта наметавонанд. Ваъдахилофӣ накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз аз иҷрои ягон кор худдорӣ накунед. Ба мағоза ё бозор рафта, чизҳои заруриро харидорӣ кунед. Агар ба дурустии қарори қабулшуда бо шубҳа менигаред, пас бо дӯстонатон машварат карда, ба дурустии он боварӣ ҳосил кунед. Ҳавои хонаро тоза нигоҳ доред ва аз доруҳои зидди хомӯшакҳо истифода баред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Бештар китоб хонед ва захираи луғавии худ бой гардонед, зеро доим ҳангоми суҳбат дар истифодаи калимаҳо ба мушкилӣ дучор меоед. Барои вохӯриҳои дӯстона рӯзи хуб нест, зеро эҳтимоли сар задани нохушӣ вуҷуд дорад. Агар шуморо ба мулоқот даъват кунанд, рад карда, аз хона берун набароед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Ба варзиши сабук машғул шудан ба шумо фоида дорад. Кӯшиш кунед, ки давоми рӯз истироҳати оилавии берун аз шаҳрро ба нақша гиред. Эътимоднокии шумо дар назди дигарон меафзояд. Нафарони ношиносу ногаҳонӣ бо шумо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Дар ин кор зиракиро аз даст надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки ба ҳаргуна суханҳои беарзиш диққат надиҳед. Ба худ боварӣ дошта бошед, аммо ба ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳанд, чашм напӯшед. Кӯшиш кунед, ки кори худро содиқона ва софдилона иҷро кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки боварии роҳбариятро ба даст оред.