Ҳамал
Дар ин рӯз ба хотири рафъ сохтани чанд мушкили оилавӣ вақти худ ва аз дигаронро сарф менамоед. Аз он ки корҳоятон ба таъхир мемонанд, озурда нагардед. Наздикон шуморо дастгирӣ мекунанду баъди рафъи мушкилиҳо боз фурсати истироҳат ҳам пайдо мешавад.
Савр
Имрӯз хатари зиёд шудани мушкилиҳои пулӣ вуҷуд дорад. Агар вазъи иқтисодиятон номусоид бошад, кӯшиши аз мушкилӣ гурехтанро накунед. Зимни робита бо атрофиёну наздикон қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна кор ба ҷангу ҷанҷол анҷом меёбад.
Ҷавзо
Рӯзи хубест барои амалӣ намудани нақшаҳои дерина. Корҳои аввалиндараҷаро ба осонӣ ба анҷом мерасонед, чизе наметавонад хотиратонро парешон созад. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед. Дарди сар қариби бегоҳ рафъ мегардад.
Саратон
Дар ин рӯз чизеро исбот кардану ба саросемагӣ роҳ додан лозим намеояд. Бе шитоб аз пайи кор мешаведу ҳатто баъзе уҳдадориҳои худро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш ин рӯзро ба наздиконатон бубахшед. Барои ба меҳмонӣ ва театру қаҳвахона рафтанатон рӯзи мусоид аст.
Асад
Имрӯз саломатиятон хубу қувваи кориятон дучанд мегардад. Бо атрофиён ба осонӣ дар муошират мешаведу дар ҳалқаи наздикону дӯстон дилхушӣ кардан мехоҳед. На танҳо эҳсосоти худро, балки дигаронро низ таҳти назорат гирифтан муяссаратон мегардад. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав.
Сунбула
Дар ин рӯз дар ҳама кор пешсаф будан мехоҳед. Ба зудӣ сари қароре омада, масъулиятро эҳсос мекунед ва дигаронро барои пешравии корҳоятон ҷалб карда метавонед. Ҳамаи ин бе ягон мушкилӣ ба шумо даст медиҳад, зеро атрофиён дар иқдомҳоятон дастгирӣ мекунанд. Сайругашти бегоҳӣ табъатонро болида месозад.
Мизон
Дар ин рӯз бодиққат бошед, нафареро, ки бароятон хеле азиз аст, ранҷонида метавонед. Аз уҳдаи тамоми корҳои бар дӯш доштаатон хеле хуб мебароед. Аз тақдир гила накунед, беҳтараш сабру таҳаммулро пеша намоед. Дар ин рӯз бо касе муноқиша накунед, хусусан бо занҳо. Дар акси ҳол пагоҳ пушаймон мешавед.
Ақраб
Дар ин рӯз бояд тамоми ҷасорати худро ба кор баред. Аз таваккал кардан наҳаросед. Вазъият худ ба худ беҳтар мегардад. Даромади пулиятон меафзояду обрӯву нуфузатон зиёд мегардад. Дар бораи пешравиҳоятон овоза накунед, вагарна чанд нафар аз шумо қарз мепурсанд.
Қавс
Дар ин рӯз аз машрубот худдорӣ намоед. Беҳтараш бо варзиш машғул шуда, рӯзро хуб гузаронед. Ғизои зараровар хӯрданатон боиси дарди меъдаву рӯдаҳо мегардад. Зудбовар нашавед, вагарна ба доми ҳаннотон меафтед. Нимаи аввали рӯз баъзе ҳодисаҳои ногувор рух медиҳанд. Бо сухани бад касеро наранҷонед.
Ҷаддӣ
Ин рӯзро барои зебоӣ, хардани либос ва бофароғат сохтани хонаву дар бубахшед. Бонувон ба нигоҳубинии мӯйҳояшон бояд диққат диҳанд. Баъди рӯзи корӣ оббозӣ кардан боиси болидаруҳӣ ва хоби бароҳати шумо мегардад. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред.
Далв
Шуморо имрӯз вохӯриҳои ногаҳониву ҳодисаву рӯйдодҳои хушҳолкунанда интизор аст. Бо вуҷуди хеле бобарор будани рӯз ба роҳи макру фиреб наравед, вагарна маблағи калонро аз даст медиҳед. Дар ин рӯз ҷавонон ба кӯмаки нафарони калонсол ҷасурона умед баста метавонанд.
Ҳут
Имрӯз бароятон лаҳзаҳои зиёди нишотовар меорад. Воқеаҳои рухдода табъатонро болидаву дӯстони наздик дар лаҳзаҳои даркорӣ дастгирӣ намуда, саратонро ба осмон мерасонанд. Ба хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, диққати ҷиддӣ надиҳед.