Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба корҳое даст мезанед, ки фаъолнокӣ ва нерӯи зиёдро талаб мекунанд. Ба худ боварӣ дошта бошед, зеро шумо аз уҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароед. Қисме аз ташвишҳои худро дар ҷои кор бо дили пур ба ҳамкорон супоред. Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр даст кашед ва оби газдор нанӯшед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз бадхоҳон кӯшиш мекунанд, ки аз пасатон ғайбат кунанд, вале ситораҳо мегӯянд, ки ба ғайбати онҳо аҳамият надиҳед. Бикӯшед, то худро аз дигарон паст ҳисоб накунед. Давоми рӯз ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки дар бораи онҳо ҳатто фикр намекардед. Бо душманони худ муросо накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки оромиро риоя кунед ва нагузоред, ки дигарон низ ба торҳои асабатон нохун бизананд. Касеро дашном надиҳед, дар муноқишаҳои лафзӣ низ иштирок накунед. Барои иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ рӯзи хуб аст. Бо аҳли оила ба консерт ё кинотеатр биравед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бемориҳои алоқаманд ба системаи асаб дубора хуруҷ мекунанд. Аз мустақилона қабул кардани қарорҳои муҳим натарсед, вале маслиҳати дигаронро низ сарфи назар накунед. Агар касе шуморо дарк кардан намехоҳад, пас ин ҷо на дигарон, балки худи шумо гунаҳкори асосӣ ба ҳисоб меравед.
Асад (23 июл-22 август)
Барои хариди либос рӯзи хуб аст. Ба мағоза рафта, коллексияҳои навро аз назар гузаронед. Бо нафаре, ки ба шумо писанд аст, робитаатонро барқарор созед. Ба корҳои майда-чӯйда аҳамият дода, асабатонро вайрону табъатонро хира насозед. Дар ҳавои тоза сайр кунед, ин ба саломатӣ муфид аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ҳангоми кор бо асбобу дастгоҳҳои гарм эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли сӯхтану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Телефони худро ба касе надиҳед. Паёмҳои шуморо хонда, ба дигарон низ нақл карданашон имкон дорад. Сунбулаҳои ошиқро лозим аст, ки дили дӯстдоштаашонро дубора ба даст оранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз танҳо мемонед. Агар хоҳед, ба тарабхона, маконҳои дилхушӣ ё кинотеатр рафта, табъатонро болида созед. Агар нахоҳед, ихтиёр дар дасти худатон аст. Пеш аз иҷрои коре ҳатман фикри оилаи худро дар ин хусус пурсон шавед. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар ҷадвали кориатон корҳои якрангро ҷой накунед, зеро якрангӣ инсонро дилгир мекунад. Баъзе нохушиҳо шуморо ошуфтахотир месозанд. Бо нафароне, ки қаблан робитаи наздик надоштед, дуру дароз ҳамсуҳбат нашавед. Имрӯз даромади иловагӣ дар назар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз шитобкорӣ ва беандешагӣ накунед. Қавсҳои ошиқро лозим аст, ки барои дӯстдоштаи худ вақти бештар ҷудо кунанд. Субҳ ва шом пиёдагардӣ накунед, вагарна шамол хӯрда, бемор шуданатон мумкин аст. Муваффақият дар насибатон ҳаст, ба шарте ки масъулиятшиносу бодиққат бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи бобарор аст. Мушкилиҳо ҳалли худро ёфта, нофаҳмие пеш нахоҳад омад. Вазъи саломатиатон низ шуморо ташвиш намедиҳад, вале вобаста ба вазъи боду ҳаво либос пӯшиданро фаромӯш накунед. Ба хонаатон меҳмони нохонда меояд. Бо чеҳраи кушод пешвоз гиред ва муҳаббату самимиятро аз хотир набароред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз пулро ба харидани чизҳое, ки бароятон лозим нестанд, сарф накунед. Агар ба худ шубҳа кардан гиред, рақибонатон ба шумо ғолиб меоянд. Барои далвҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Дӯстдоштаатонро ба мулоқот даъват намуда, барояш ҳадяи хурдакак, аммо хотирмонеро тақдим намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бе маслиҳати дигарон аз пеши худ тасмим нагиред. Агар мушкилиҳоятон ба зудӣ ҳалли худро наёбанд, рӯҳафтода нашавед. Дере нагузашта, имкони ҳалли мушкилиҳоро пайдо хоҳед кард. Робитаатонро бо онҳое, ки ба шумо бо чашми бад менигаранд, ҳарчӣ зудтар қатъ намоед.