Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз хабар ё воқеаи хушу хотирмонро интизор бошед, ки дер боз интизораш будед. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ба шахси дӯстдошта бовар кунед, зеро рашку гумони беасос метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Дар касбу кор вохӯриҳои муҳим ё сафари хизматӣ пеш меояд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷат ва маблағ эҳтиёткор бошед. Ба касе ваъдаи саросемавор надиҳед. Бахшидани ранҷишҳои кӯҳна ба дили шумо сабукӣ ва оромӣ мебахшад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз эҳсосотатон каме ноором мешавад, бинобар ин сабру таҳаммулро аз даст надиҳед. Агар бо шахси наздик баҳс пайдо шавад, беҳтараш онро ба вақти дигар гузоред. Маслиҳати як дӯст ба шумо барои ҳалли мушкили шахсӣ кумак мерасонад. Дар кор бо меҳнату ирода метавонед аз ҳар гуна монеа гузаред. Аз баҳсҳои молиявӣ дурӣ ҷӯед. Барои саломатӣ низ тартибу мувозинат муҳим аст, ҳам машқ кунеду ҳам тарзи ғизоро назорат намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дар масъалаи муҳаббат сюрпризи хушро интизор бошед. Вақти он расидааст, ки ба худ бештар бовар карда, тарзи зиндагӣ ё намуди зоҳириро каме дигар кунед. Бо шахси дӯстдошта вақти бештар гузаронед, зеро ин муносибатҳоро мустаҳкамтар месозад. Дар касбу кор натиҷаи оянда аз кӯшиши имрӯз вобаста хоҳад буд. Барои хариди калон ҳам рӯз муносиб аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар чанде пеш муносибати нав оғоз карда бошед, шитоб накунед. Кӯшиши зуд ҷиддӣ кардани робита метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Пеш аз ранҷидан аз дӯстдошта, аввал ба рафтори худ назар кунед. Дар ҷойи кор эҳтимоли баҳс бо роҳбар ё ҳамкорон вуҷуд дорад. Хароҷот мешавад, вале баъдтар фоида меорад. Барои мардони ин мучал рӯзи хуби молиявист. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани муҳаббати нав вуҷуд дорад ва шояд ин шахсе бошад, ки кайҳо боз мешиносед. Омадани меҳмонон ё хешовандони дур ногаҳонӣ мешавад. Дар зиндагиятон рӯйдоди муҳиме сар мезанад, ки метавонад ба кору обрӯи шумо таъсири хуб расонад. Аз муомилаҳои хатарноки молиявӣ худдорӣ кунед. Агар масъалаи муҳим пеш ояд, бо шахси ботаҷриба маслиҳат намоед. Саломатиро эҳтиёт кунед, зеро шамолхӯрии оддӣ метавонад тӯл кашад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳсосот метавонад ба қарорҳои шумо таъсири зиёд расонад, бинобар ин бештар бо ақлу мантиқ амал кунед. Дар ҷойи кор масъалаҳои таъҷилӣ пеш меоянд ва шояд ба кӯмаки ҳамкорон ниёз пайдо шавад. Хароҷоти калон имкон дорад, вале вазъи молии шумо устувор мемонад. Ғамхорӣ барои шахси дӯстдошта ё дӯсти наздик метавонад каме шуморо хаста кунад. Кӯшиш намоед, ки худро аз фикрҳои зиёд дур нигоҳ доред ва бештар истироҳат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз имкони хуби шиносоӣ бо шахси ҷолиб пайдо мешавад, онро аз даст надиҳед. Ростқавлӣ ва самимият муносибатҳои шуморо беҳтар мегардонад. Дар касбу кор имкони пешравӣ ё гирифтани фоидаи хуб пеш меояд. Ҷозиба ва таҷрибаи шумо ба беҳбудии вазъи молӣ мусоидат мекунад. Аммо аз ҳад зиёд мағрур нашавед, зеро бахт одамони хоксорро дӯст медорад. Субҳи рӯз аз ҳолатҳои асабхаробкунанда худро дур нигоҳ доред, то ҳолати рӯҳиятон хуб монад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Вохӯрии имрӯз рухдода метавонад оғози дӯстии мустаҳкам ё ҳатто муҳаббати оянда гардад. Барои рушди муносибатҳо шитоб накунед ва аз муошират лаззат баред. Яке аз наздикон ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи бештар ниёз пайдо мекунад. Рӯз барои тағйири фаъолият ё болоравии мақом мусоид аст. Пешниҳодҳои хеле ҷолибро зуд қабул накунед, зеро на ҳамаи онҳо фоида меоранд. Маслиҳати шахси боэътимод ба шумо кӯмаки калон мерасонад. Ба ғизо ва саломатӣ диққат диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз баъзе воқеаҳо нишон медиҳанд, ки шумо дӯстдоштаатонро он қадар хуб намешиносед. На ҳама ҳақиқатҳо ба дил хуш меоянд. Аз танқиди хешовандон худдорӣ кунед, зеро суханатон метавонад онҳоро ранҷонад. Дар ҷои кор мақсаднокӣ ва сабр ба шумо барои расидан ба натиҷаҳои хуб кумак мерасонад. Вазъи молиявӣ каме ноустувор мешавад, бинобар ин аз хароҷоти беҳуда дурӣ ҷӯед. Барои парҳезу кам кардани вазн ҳоло вақти мувофиқ нест.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар муносибатҳои ошиқона эҳсоси нав ва гармӣ бештар мешавад. Агар баҳсе сар занад, кӯшиш кунед худро идора намоед ва суханони сахт нагӯед. Масъалаҳоро танҳо бо суҳбати орому самимӣ ҳал кардан мумкин аст. Барои омӯзиш ва корҳои созанда рӯзи хеле мувофиқ аст. Мушкили дерина метавонад бе заҳмати зиёд ҳал гардад. Барои хариди калон ё бастани шартномаҳои муҳими молиявӣ вақти хуб нест. Ба ғизо диққат диҳед, то вазни зиёдатӣ пайдо нашавад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Аз якрангӣ дур шавед ва барои дӯстдоштаатон мулоқоти ғайриодӣ ташкил намоед. Ин ба муносибатҳои шумо эҳсоси тоза мебахшад. Дар ҷойи кор роҳбар имрӯз каме асабонӣ мешавад, бинобар ин беҳтараш оромона ба кори худ машғул шавед. Дар масъалаҳои молиявӣ қатъӣ ва боэътимод бошед. Тағйири обу ҳаво метавонад боиси дарди сар гардад. Барои ҳамин имрӯз бештар истироҳат карда, саломатии худро эҳтиёт намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз бо шахси дӯстдошта бештар вақт гузаронед. Кӯшиш намоед масъулиятҳои хонаводаро байни ҳамаи аъзои оила баробар тақсим кунед. Дар касбу кор аз вазифаҳои ҷиддӣ наҳаросед, зеро заҳмати шумо ҳатман қадр мешавад. Имрӯз барои аз нав баррасӣ кардани нақшаҳои молиявӣ ва пайдо кардани роҳи нави даромад рӯзи муносиб аст. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед, чунки иҷрои ҳамаи корҳоро якбора ба анҷом расонида наметавонед.