Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз субҳ асабҳоятон харобу таъбатон хира мегардад. Кӯшиш намоед, ки дар сари қаҳр бо ягон нафар ҷанҷол накунед. Барои ором шуданатон вақт лозим аст. Барои нафарони ошиқ рӯзи бобарор аст. Агар ба дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат накарда бошед, имрӯз вақти мусоид аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Нафарони коргарро лозим аст, ки субҳ сари вақт ба ҷои кори худ ҳозир шаванд. Танқиду танбеҳи роҳбарият ба фоидаи шумост, ҳаргиз хафагиро ба дил роҳ надиҳед. Аз харидорӣ кардани чизҳое, ки лозим нестанд, даст кашед. Пулро барои рӯзҳои дар пешистода захира намоед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Нафаре, ки чанд муддат ҳамдигарро надида будед, эҳтимол шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дудила нашуда, розигӣ диҳед, вале ҳангоми суҳбат эҳтиёт кунед, ки аз даҳонатон суханҳои пасту баланд набарояд. Дар ҷои кор кӯшиш мекунанд, ки ба торҳои асаби шумо нохун зананд. Тавре вонамуд кунед, ки гӯё чизеро намебинеду намешунавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ба хабаргирии яке аз наздикон ё шиноси беморатон рафтанро фаромӯш насозед. Эҳтимол даромади ногаҳонӣ ба даст меоред. Аввал қарзатонро баргардонед, баъдан чизҳои лозимиро харидорӣ кунед, вагарна дар бораатон гапу гапча зиёд мегардад. Аз меъёр зиёд харид карданро тавсия намедиҳем.
Асад (23 июл-22 август)
Агар имкон дошта бошед, ба сафари роҳи дур набароед. Дар кӯча бо шумо ягон ҳодисаи нохуш рух доданаш аз эҳтимол дур нест. Дар хона бимонед ва як рӯзи худро ба оилаи худ бахшед. Дар ин рӯз аз касе қарз напурсед ва бо касе муноқиша ҳам накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз аз суҳбат бо нафароне, ки буданашон бароятон нороҳаткунанда аст, дурӣ ҷӯед. Беҳтараш вақти пурқиммати хешро ба корҳои фоидаовар сарф кунед. То охири моҳ вақт зиёд аст, ба ҳамин хотир, дар истифодаи маблағ сарфакор бошед, то қарздори беҳуда нашавед. Барои ошиқон рӯзи хуб аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо ҳамсаратон муноқиша мекунед. Боке надорад, аввалин шуда, гапро сар кунеду оштӣ шавед. Барои дилашро ёфтан ягон хӯроки бомазза омода кунед. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Бо телефон дуру дароз гап назанед, вақти бештари худро бо наздикон гузаронед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз дар худ дигаргуниеро ҳис мекунед, ки шуморо ба ташвиш меорад. Хавотир нашавед, ин танҳо таъсири кори зиёд аст. Ба худатон фишор наоред ва аз соати муқарраршуда зиёд кор накунед. Ба нафарони ошиқ тавсия медиҳем, ки имрӯз аз вохӯриҳои ошиқона худдорӣ кунанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз чизеро аз даст медиҳед, ки барояш сахт ғамгин мешавед. Барои он ки фикрҳоятон парешон шавад, ҳамроҳи дӯстон ё дугонаҳоятон ба сайругашт бароед. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, як қисми қарзро бармегардонад ё сабаби муноқиша мегардад. Минбаъд ба касе қарз надиҳед, вагарна дӯст ба душман мубаддал мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар аз нафаре шунидед, ки баъзеҳо дар бораи шумо ғайбату бадгӯӣ мекунанд, парво накунед. Дар бораатон сухани хуб мегӯянд ё бад, муҳим нест. Муҳим он аст, шуморо мавзӯи баҳсашон қарор додаанд. Ба хонаатон меҳмон меояд. Гарму самимӣ истиқболаш гиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз баъзеҳо дучори нофаҳмиву ҳодисаҳои ногувор мешаванд. Дар ҳама кор ҳар қадами худро санҷида гузоред. Кӯмаки дӯстони наздикро қабул ва ба онҳо бовар кунед. Барои аз бало наҷот ёфтан ба ин кор маҷбур ҳастед. Агар мошин дошта бошед, ҳангоми рондан суръати ҳаракатро баланд накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Нафароне, ки ба бемории дилу диабети қанд ва фишорбаландӣ гирифторанд, аз номусоидии боду ҳаво каме азият мекашанд. Дар хонадони баъзе аз зодагони зери ин бурҷ тавлидёфта тифли нав ба дунё меояд. Аз истеъмоли хӯрокҳои сахту серравған ва хамирӣ парҳез кунед.