arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
3725

Ҳамал

Аввали рӯз каме серташвиш шуда, барои анҷом додани коре сахт асабӣ мешавед. Бо вуҷуди ин, ҳисси кунҷкобии шумо интиҳо надорад. Вақте расидааст, ки ба саволҳои беохири худ посух пайдо намоед. Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки кӯмаку дастгирии зиёдаш ба шумо мерасад.

Савр

Дар ин рӯз хеле ҳушёр буданатон лозим аст, ба ҳеҷ ваҷҳ таваккал кардану зери таъсири нафаре амал намуданро маслиҳат намедиҳем. Нафаре шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳад. Рӯзи хубест, барои барқарор сохтани муносибатҳои ошиқона ё бо шахси бароятон азиз истироҳат кардан.

 

 

 

Ҷавзо

 

Бо вуҷуди он ки табъатон аз субҳ гирифта аст, дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, аз ҳузури нафарони дилсиёҳ ва онҳое, ки мақсади аз шумо истифода бурданро доранд, дурӣ ҷӯед. Рӯбучини хона ва даъват шудани меҳмон низ тавсия дода намешавад. Имрӯз дурӯғ нагӯеду ғайбат гӯш накунед.

 

 

 

Саратон

 

Беҳуда худро азият надиҳед, дар ин рӯз на ҳамаи корҳои мекардаатон табъи дил анҷом меёбад. Аз як тараф корҳои таъҷилӣ вақту қувваи зиёдатонро мегиранд, аз ҷониби дигар фикру хаёли шумо тамоман дар ҷои дигар аст. Бегоҳирӯзӣ табъатон хуш гашта, ниятҳоятонро амалӣ месозед.

 

 

 

Асад

 

Дар ин рӯз танҳо чизҳои даркориятонро харид кунеду бо худ маблағи калонро нагардонед, вагарна гум кардани пул имкон дорад. Иқдомҳои нав бебарор анҷом ёфта, ҳам хисороти молӣ мебинеду ҳам асабатон хароб мегардад. Вазъи саломатӣ аз асабҳои хароб ё ороми шумо вобастагӣ дорад.

 

 

 

Сунбула

 

Барои бонувони хонашин барои ба тартиб овардани хонаву дар рӯзи хеле бобарор аст. Ҳам маблағу ҳам хоҳиш пайдо намуда, ҷиҳози хуб харидорӣ мекунед. Барои даъват кардани меҳмон ва беҳтар сохтани муносибатҳои хешутаборӣ рӯзи бобарор аст.

 

 

 

Мизон

 

Кор ва меҳнати зиёди ҷисмониву ақлонӣ тамоми қуввататонро мегираду ҳатто боиси руҳафтодагиатон мегардад. Маъюс набошед, ҳар қадаре зиёд заҳмат кашед, ҳамон андоза муваффақ мегардед, ҳамзамон пули бештар ба даст меоред.

 

 

 

Ақраб

 

Имрӯз ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем, беҳтараш нақшаҳои худро тағйир диҳед. Аз меҳнати ҷисмонӣ ё корҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна ба саломатиятон зарар мерасонед. Беҳтараш бо наздикону аҳли оила бимонед. Хатари рух додани сӯхтор ё ғорат задани ҷиҳоз имкон дорад.

 

 

 

Қавс

 

Дар ин рӯз бо тамоми ҷиддият аз паси корҳои муҳим шавед. Шитобкориву рафтори беандеша оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Бо вуҷуди худро хеле хуб ҳис карданатон, барор дар ҳар лаҳза метавонад аз дастатон равад.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Нафаре аз атрофиён раҳми шуморо оварда, аз содагиатон истифода бурдану фиреб кардан мехоҳад. Ба доми ҳилаву найранг наафтед, ҳушёриро пеша намоед. Аз истеъмоли машрубот худдорӣ намуда, худро хаста насозед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.

 

 

 

Далв

 

Имрӯз дилатон муҳаббату навозиши зиёд мехоҳад. Ҳам ину ҳам онро шумо танҳо аз наздикони худ меёбед. Бо намуди варзиши хатарнок машғул шуданро тавсия намедиҳем. Аз шамол кашидан эҳтиёт шавед. Ҳамзамон аз ҳузури нафароне, ки гирифтори зуком шудаву табби баланд доранд, худро канор гиред.

 

 

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз боварии худро дар масъалае аз даст медиҳед. Аз он чизе, ки ба ҳақиқат доштанаш муътақид будед, дурӯғ буданаш маълум мегардад. Нуқтаи назаратон ба баъзе чизҳо тағйир меёбад. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед, бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои зуком ва шамолхӯрӣ ба духтур муроҷиат кунед, вагарна худтабобаткунӣ аҳволатонро бадтар месозад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД