shoh palace
ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2021
3812

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст, корҳои зиёдатон барор меёбанд. Нафароне, ки аз уҳдаи кор намебароянд, аз наздикон ё шиносони дерин кӯмак мепурсанд. Кӯшиш намоед, ки ба доираи нафарони бадкирдор ворид нагардед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира ва вазъи саломатиятон нохуб мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз суҳбат бо шахси дӯстдоштаатон болидаруҳ мегардед. Дар сарф кардани пул боэҳтиёт бошед, хатари аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Тамоми кушишу диққати худро барои ҳифз намудани саломатӣ равона созед, тамоми тавсияи табибонро оиди пешгирӣ ва табобати бемориҳои вирусӣ риоя намоед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз бо касе дарди дил кардану аз мушкилиҳои худ гуфтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна сахт пушаймон мешавед. Эҳтимоли муноқиша кардан бо нафарони ношинос, рух додани сӯхтор ё вохӯрӣ бо душман вуҷуд дорад. Агар дар рафтори дӯстдоштаатон чизе табъатонро хира месохта бошад, хомӯш наистед, беҳтараш оромона хатогиҳояшро фаҳмонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз қувваи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Ҳарчанд мушкилиҳои сарзада ҳаётан муҳим набошанд ҳам, барои рафъ карданаш қувваву асаб ва вақти зиёд сарф мекунед. Ба кӯмаки нафаре умед набандед, тамоми вазнинӣ ба китфи худатон бор мегардад. Барои рафъ намудани вазъияти пурмоҷаро сабру таҳаммулро пеша намоед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявиатон бо сабаби пеш омадани хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани чизи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Мардҳоро вохӯрии ногувор ё хабаре нигарон аст, ки ба ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои манфиро ворид месозад. Дар ҳама кор кӯшиши зиёд карданатон лозим меояд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз ҳад зиёд кӯшишу ғайрат накунед, коре ки ба назаратон душвор менамояд, дар асл сабук аст. Шубҳаву гумонро аз дил дур сохта, боҷуръат амал намоед. Баъди нисфирӯзӣ аз баҳсҳои нодаркор ва муноқишаҳо худдорӣ намоед. Ба коре, ки боиси нохуб гаштани вазъи саломатиятон мегардад, даст назанед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Ҳама гуна кору амалатон кӯшишу талоши зиёдро талаб мекунад. Дар муносибатҳои ошиқона шубҳаву гумонро аз худ дур намуда, боҷуръат амал намоед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна тамоми пасандози худро дар як рӯз сарф карда, азоби бепулӣ мекашед. Хабари бемории нафареро шунида, табъатон хира мегардад.

 

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Воқеаҳои имрӯз ба асаб ва ҳолати руҳии шумо таъсири бад расонида, боиси ба ғазаб омадану муноқишаву низоъ мегардад. Сабаб дар он аст, ки чанд рӯзи охир сахт хаста шуда, ташвишу изтиробатон зиёд буд. Барои ба худ омадан бештар истироҳат кунеду аз дидори шахси дӯстдоштаатон болидаруҳ гардед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Хабарҳои ногувор ё бадгумонӣ нисбати наздикон боиси рух додани ғалат ва нофаҳмӣ дар хона мегардад. Эҳтимоли сарф кардани пул зиёд аст. Ба саломатии худ ва наздикон диққати хоса диҳед, нӯшокӣ ва хӯроки сард истеъмол накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи серташвиш аст. Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба атрофиён ҳақ будани худро собит карда тавонед. Тамоми ғаму андуҳи дар қалбатон ниҳон бударо ба наздикон нишон надиҳед. Ба касе қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вале худатон низ аз касе қарз нагиред.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Аз пайи корҳои нав нашавед, корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Айни замон ба касе чизеро ваъда надиҳед, уҳдадориҳои зиёдро низ ба дӯш нагиред ва ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо хешовандони калонсолатон ногувориҳо сар мезананд. Аз зиддият худдорӣ намуда, гузашт кунед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои гуворо ва ногувор аст. Аз ҳама гуна муноқиша ва баҳсу мунозира худорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон мушкилӣ сар мезанад. Шумо бо шахси дӯстдоштаатон забон ёфта наметавонед ва бо ҳар сабаби ночиз муноқишаву низоъ ороста, баъдан сахт пушаймон мешавед.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД