arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1116

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз шиносоии нав умедҳои зиёд надошта бошед, эҳтимоли муносибати ошиқонаи дарозмуддат кам аст. Ҳодисаи нохуш дар хона метавонад нақшаҳоро халалдор кунад. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ эҳтиёткор бошед. Дар ҷои кор бо ҳамкорони ҳасуд баҳс имкон дорад. Аммо орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Барои ба варзиш одат кардан, машғулиятро иваз кунед, масалан, ба шиноварӣ гузаред.

Савр (21 апрел-21 май)

Муносибатҳои ошиқона печида мешаванд, ҷанҷолҳои хурд метавонанд ба вайроншавии робита сабаб шаванд. Аз кирдору гуфтори худ дар оила эҳтиёт кунед. Рӯз барои эҷодкорон, рӯзноманигорон ва тоҷирон хеле хуб аст, хусусан барои фурӯши маҳсулоти занона. Сари вақт истироҳат кунед – ҳаммом ё маҳс хастагиро бартараф мекунад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар масъалаи ишқ ва муҳаббат ягон навигарӣ нест, шояд бо яке аз атрофиёнатон ишқбозии кутоҳмуддат дошта бошед. Баҳс бо наздикон, махсусан бо хешовандон, метавонад шиддат гирад. Корҳо пеш мераванд, илҳоми эҷодӣ меафзояд. Имрӯз вақти хуб барои нав кардани либос ва дастгоҳҳои хонагист. Энергияатон зиёд мешавад, аммо эҳтиёт шавед, баъзеҳо аз хубиятон истифода бурданӣ мешаванд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз диққати касеро ба худ ҷалб мекунед, ки кайҳо дар орзуяш будед. Аммо имкони саршавии муносибати ошиқона ҳанӯз кам аст. Вақтро ба дӯстдоштаатон ва хешовандон бахшед. Шараф ва масъулияти шумо дар кор ниҳоят қадр меёбад. Барои ба даст овардани маблағ, ба садои қалби худ такя кунед. Ба дандонпизишк феълан муроҷиат накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз шароит хуб аст, то ба шахсияти нодири худ дигаронро ҷалб намоед. Аммо аз ҳад нагузаред, ки худнамоӣ нашавад. Бегоҳ муваффақият дар пеш аст, бо идеяҳои худ дигаронро илҳом мебахшед. Ба атрофиён бодиққат нигаред, шояд хусусиятҳои нави мусбатро дар онҳо кашф намоед. Манбаи нави даромад пайдо мешавад. Парҳезро назорат кунед – фоидаашро хоҳед дид.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар дар ҷустуҷӯи муҳаббат ҳастед, ба зӯрӣ роҳ надиҳед, ин метавонад шахси дилписандро дур кунад. Дар хона масъалаҳои маишӣ шуморо аз кори касбӣ бозмедорад. Дар ҷои кор шояд дигарон пешниҳодҳои шуморо қабул накунанд, сабр кунед. Ситораҳо шуморо дастгирӣ мекунанд, вале хароҷоти нозарурро маҳдуд созед. Барои он ки тамоми рӯз пур аз нерӯ бошед, шабона хобатон бояд кофӣ бошад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нафарони муҷаррад метавонанд даъвати мулоқоти ошиқона гиранд, рад накунед, то фурсат аз даст наравад. Бахти худро аз даст надиҳед. Имрӯз беҳтар аст бо ҷараёни рӯз зиндагӣ кунед, на бо нақшаҳои бузург. Эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад, бо худ пули калон нагардонед. Варзиш ва табъи болида сабаби пешравии корҳоятон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар аз сӯҳбат бо шахсони ҷолиб парҳез кунед, танҳо мемонед. Имрӯз имкони беҳтар намудани ҳаёти шахсӣ бештар аст. Бо наздикон нармтар бошед, хусусан бо шахси дӯстдошта, шояд шумо хеле сахтгир шудаед. Кӯшишҳоятон барои беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ зуд самара хоҳанд дод. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз навъи варзише, ки хатар дорад, худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои нави ошиқона шитоб накунед. Агар дар муносибатҳои чандсолаи ошиқона низоъ сар занад, танҳо муҳаббати ҳақиқӣ онро паси сар мекунад. Агар дар ду ҷо кор мекарда бошед, эҳтиёт шавед – роҳбарият инро қабул надорад. Фоида аз тарафи дӯстону хешон имкон дорад. Тағйироти хуб дар муносибатҳо ва вазъи молиявӣ пеш меояд. Эҳтимоли сар задани бемориҳои дил вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Интизориҳои зиёд метавонанд ноумедӣ биёранд. Дурандешӣ ва фаҳмиш кумак мекунад, то низоъҳоро пешгирӣ кунед. Бо наздикон ростқавл бошед – дурӯягӣ метавонад обрӯятонро коҳиш диҳад. Баъзе душвориҳо шуморо саргаранг месозанд. Фурсатҳои нав пайдо мешаванд, ба шахси боэътимод такя кунед. Барои оромии асабҳо доруҳои таскинбахш хӯред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар кайҳо боз нафаре шуморо ҷалб мекарда бошад, имрӯз шояд ниҳоят таваҷҷуҳи ӯро ба даст оред. Имрӯз барои нав кардани либос ва хариди тилловорӣ вақти хуб аст. Танҳо аз истеъмоли шириниҳо дурӣ ҷӯед. Аммо аз хароҷоти ногаҳонӣ эҳтиёт кунед. Оби зиёд нӯшед – барои поксозии организм муфид аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар шахси дӯстдошта истироҳати ошиқонаро пешниҳод кунад – қабул кунед. Дар хона нашинед! Вақти хубест, ки танҳо монда, муносибатҳоро таҳлил кунед. Эҳтимол дар корҳоятон монеаҳо сар зананд, баъзе корҳоятон барор нагиранд. Вақти хубест барои гуфтушунид бо идораҳо. Аммо ихтилоф ва саркашиҳо метавонанд оромиро вайрон созанд – дар муколама гӯш карданро омӯзед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД